Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати ҳамҳизбон аз Ҷорҷ Буш


IA

Ҷон Ворнер, яке аз сенаторони муассири ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА, аз президенти ин кишвар Ҷорҷ Буш даъват кардааст, ки беруншавии маҳдуди нерӯҳоро аз Ироқ оғоз намояд.


Ба қавли ӯ, ин иқдоми раисҷумҳури ИМА ҳукумати Ироқро ба пешрафт дар раванди мусолиҳаи миллӣ водор мекунад.


Дар ҳамин ҳол, ҳукумати зери раҳбарии сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ бо хавфи бештари фурӯрезӣ мувоҷеҳ шудааст. Имрӯз як эътилофи дунявии зери раҳбарии собиқ сарвазири Ироқ Иёд Алавӣ гуфт, ки се вазири ин эътилоф истеъфои расмиашонро ба ҳукумат пешниҳод хоҳанд кард.


Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи гузашта эътилофи асосии мусулмонони суннӣ - Ҷабҳаи мувофиқати Ироқ - аз ширкат дар ҳукумат даст кашида буд.
XS
SM
MD
LG