Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон хабарнигоронро ғамгин кард


Бармалей, Почталён ва Шайтон (никнеймҳои се ҷавони тоҷик) дар майдони баҳси як сомонаи интернетии дӯстдоштаи ҷавонон www.vatanweb.net ҳангоми баҳс доир ба ҳунарнамоии футболбозони ҷавони тоҷик дар Куриёи Ҷанубиро, онҳоро ҳам дашном додаанд, ҳам таҳқир кардаанд ва ҳам тавсиф.
Ба унвони футболбозони ҷавон, ки бозиро ба дастаи Белжик бохтанд чунон дашномҳое додаанд, ки ба гуфтани онҳо забон намегардад.

Акнун бар асоси тарҳи ислоҳшудаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон бояд Бармалей, Почталён ва Шайтонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд. Тарҳи ислоҳшудае, ки аз охирҳои моҳи июл ҳукми иҷроро гирифт.
Бо вуҷуди хоҳишу илтиҷоҳои созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тарҳи Кодекси Ҷиноиро имзо ва хабарнигорони тоҷикро ғамгин кард.


Акнун агар ягон мақоми расмӣ дар мақолаи интернетӣ танқиди худро бинад ва онро ҳамчун бӯҳтон арзёбӣ карда ба додситонӣ шикоят барад, муаллифи он мақоларо метавонанд ё ҷарима кунанд ва ё ҳатто барои ду сол ба зиндон андозанд.


Раҳбари Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, ки ҳамроҳ бо чанд созмони хабарнигорӣ аз Имомалӣ Раҳмон хоста буд, тарҳи ислоҳшудаи Кодекси Ҷиноиро имзо накунад, ибрози таасуф мекунад, ки қонуни нав акнун ҳукми иҷроро гирифт:

"Боиси таасуф аст, ки сарфи назар аз муроҷиати созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқ ин қонунро ба тасвиб расонд. Ба фикри ман ин кор аз лиҳози озодии баён паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт, зеро имконотро барои онҳое, ки мехоҳанд, муаллифон таҳқиқу таъқиб кунанд, бештар мешавад."

Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, ки Кодекси Ҷиноии Тоҷикистонро барои он ислоҳ накарданд, ки дигар нагузоранд, то Бармалей, Шайтон ва Почталён шаъни дигаронро паст зананд ва ё дашном диҳанд. Ҳадаф аз ислоҳи Қонуни Ҷиноӣ тарсонидани хабарнигорон аст, ки аз танқиди мақомоти давлатӣ худдорӣ варзанд. Аз ҳоло расонаҳои мустақили Тоҷикистон, масалан хабаргузории "Азия Плюс" ба хабарнигорон ҳушдор дод, эҳтиёт бошед, зеро кодекси нав ҳукми иҷроро гирифт.
Воқеан Ирода Ҳусейнова таҳлилгари Маркази журналистикаи изтирорӣ дар шаҳри Маскав мегӯяд, акнун бо тасвиби тарҳи ислоҳшудаи Қонуни ҷиноӣ дарди сари хабарнигорони тоҷик меафзояд:

"Усулан ин як қарори бемаънӣ аст. Аммо тавре дар ёд дорам, дар Тоҷикистон онҳо ҳангоми тарҳи таҳияи қонун бисйор зиракона амал карданд. Онҳо хостанд, на худи сомонаро балки он афродеро ба ҷавобгарӣ кашанд, ки масъули сомона дар Тоҷикистон мебошад. Яъне онҳоеро, ки ба сомона иттилоъ ворид мекунанд ва ё барои он гузориш менависанд. Ин аст мушкил, зеро имкон дорад, ки он афродро метавонанд бе ҳеҷ гуноҳе ба ҷавобгарӣ бикашанд."


Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, худи қонунгузорони Тоҷикистон ҳангоми ислоҳи Кодекси Ҷиноӣ иштибоҳ кардаанд ва агар воқеан бо риояти тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ хабарнигореро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд, мақомоти интизомӣ дар собит кардани далелҳои худ ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд:

"Сомонаҳои интернетӣ бар асоси Қонуни матбуот ва дигар васоити ахбори умум дар Тоҷикистон то имрӯз расонаи хабарӣ маҳсуб намешавад ва аломати мусовӣ гузоштани миёни интернет ва васоити ахбори омма саҳв аст."

Қонуни мазкур Бармалей, Почталён ва Шайтонро наметарсонад ва онҳо агар хоҳанд дашному тавҳинро ба унвони ҳар кас фиристодан мегиранд, хоҳ мансабдор аст, хоҳ варзишгар ва хоҳ овозхон ва хоҳ хабарнигор.
Аммо Кодекси Ҷиноии нав хабарнигоронро метарсонад, зеро онҳо медонанд, ки ҳадаф худи онҳо ҳастанд ва дар сурати танқид кардани кадом мансабдори мағрур ҳатман таҳти пайгард қарор мегиранд.

Ирода Ҳусейнова таҳлилгари Маркази журналистикаи изтирорӣ мегӯяд, қонуни ҷиноии нав дарди кӯҳнаи хабарнигорони тоҷик, яъне худсонсурӣ эҳё мекунад:

"Ин қонун танҳо худсонсурӣ дар миёни хабарнигорон дар Тоҷикистон бештар хоҳад кард. Тоҷикистон як андоза кишвари ғайриоддӣ аст, аз он лиҳоз, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст. Агар дар ёд дошта бошед, дар ҷараёни ин ҷанг 70 хабарнигори тоҷик кушта ва ё бенишон шудаанд. Ва хабарнигорони Тоҷикистон муддатҳои тулонӣ худро аз таҷрибаи худсонсурӣ худро раҳо мекарданд. Онҳо аз навиштан, танқиди касе, аз додани баёнияҳои интиқодомез метарсиданд ва ман тайи се чаҳор соли ахир мушоҳида кардам, ки воқеан хабарнигорони Тоҷикистон воқеан аз худсонсурӣ ба тадриҷ парҳез мекунанд. Ва муқаррар кардани ҷазо барои бӯҳтон ва тӯҳмат сабаб мешавад, ки онҳо дигарбора ба ҳалқаи худсонсурӣ ва ба қафо бармегарданд."


Тарси Нуриддин Қаршибоев раиси Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ ҳамин аст:

"Албатта ин баланд рафтани худсонсурӣ дар миёни хабарнигорони Тоҷикистон мусоидат мекунад."

Ирода Ҳусейнова мегӯяд, ки қабули тарҳи ислоҳшудаи Кодекси Ҷиноӣ як қадами Тоҷикистон ба сӯи қафост, зеро дар маҳдудаи шӯравии собиқ баъзе аз кишварҳо умуман ҷазо барои буҳтону тавҳинро аз қавонини хеш ҳазф кардаанд:


"Дар ҳоли ҳозир дар тамоми ҷаҳон дар Аврупо ва дар кишварҳои собиқи шӯравӣ талош доранд, ки ҷазо барои тӯҳмат ва бӯҳтонро аз Қонунҳои Ҷиноии худ ҳазф кунанд. Ва ҳамчунин барои раҳо кардани хабарнигорон аз ин гуна ҷазо муборизаи фаъолона идома дорад. То кунун аз таҷрибаи зиндонӣ кардани хабарнигорон барои бӯҳтон ва тӯҳмат, Ҷумҳурии Молдова, Гурҷистон ва Укроин даст кашиданд. Ҳоло кӯшишҳои зиёд ҷараён дорад, то ки банди мазкури қонуни ҷиноии Озарбойҷон низ ҳазф карда шавад. Аммо дар Тоҷикистон баръакс шуд ва акнун давлати кишвар доманаи ҷазо барои бӯҳтону тӯҳматро васеътар мекунад. Ва намунаи рӯшан ин аст, ки ҳамзамон се хабарнигори ҳафтаномаи Овозаро бо иттиҳоми тӯҳмат ва бӯҳтон ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд."


Ҳаракати баръакси давлати Тоҷикистон ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ аз чашми созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони Тоҷикистон пинҳон намемонад. Ва ислоҳу қабули Кодекси Ҷиноӣ дар муддати камтар аз ду моҳ ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилал таъсири дарозмуддату манфӣ хоҳад расонд. Нуриддин Қаршибоев раиси Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон:


"Ҳар як созмони ҳифзи ҳуқуқ ва рӯзноманигории байналмилалӣ албатта дар гузоришҳои солонаи худ ин тағйироту иловаҳоро ҳамчун як омили маҳдудкунандаи озодии баён арзёбӣ хоҳанд кард. Албатта вақте ки имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мебинад, ба андешаи ман ин ҳам ба сиёсати маблағгузорони хориҷӣ ва ҳам ба муносибати созмонҳои байналмилалӣ ва муносиботи сиёсӣ ва байнидавлатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад."

Гузашта аз ин ба гуфтаи хабарнигорони тоҷик, вакилони мардумии Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон раъйдиҳандагони худро аз шунидану гирифтани ахбору афкори мухталиф, ки як омили рушди ҷомеа маҳсуб мешавад, боз ҳам маҳрумтар мекунанд.
XS
SM
MD
LG