Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пули миёни Тоҷикистон ва Афғонистон


Пули мазкур, барои ҳар навъи офоти табиӣ, аз ҷумла зилзила ва обхезиҳо, тобовар буда, дар сохтмони он беш аз сесздаҳазор мукаабметр сементи тоҷикӣ ва оҳани сохти олмонӣ ва русӣ истифода шудааст.

Дарозии пули нав 800 метр буда, дар як шабонарӯз имкон доштааст то 1000 мошини борбар тавассути он аз болои дарё убур кунад. Ҳамчунин аз тариқи он мошинҳои ҳарбии вазнин низ метавонанд бидуни мушкилӣ гузаранд.

Коршиносон мегӯянд, бунёди пули мазкур на танҳо барои Тоҷикистон ва Афғонистон балки барои ҳама кишварҳои минтақа муҳимм аст. Зеро, ба эътиқоди онҳо, баҳрабардорӣ аз ин пул, аз як сӯ, метавонад барои ривоҷи тиҷорат ва афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Афғонистон кумак бикунад ва, аз сӯи дигар, Тоҷикистон тавассути он имкон пайдо хоҳад кард бо кишварҳои Халиҷи Форс ва дигар мамолики Шарқ робитаи мустақим пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG