Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имомҳо аз имтиҳон нагузаштанд


Худойбердӣ Эгамбердиев, раиси кумисюни имтиҳоноти имомхатибон, ки аз сӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон ташкил шуда буд, дониши 70 дарсади имомҳои масоҷиди панҷвақтаро, ки аксаран баҳои 3 гирифтаанд, дар қиболи савияи дониши имомхатибони масоҷиди ҷомеъ заъиф хонд: «Фақат имомхатибҳои шаҳри Душанбе санҷида шуданд. Зеро шаҳрдорӣ аз раиси Шӯрои уламо хоҳиш кардаастд, ки дурустии сарусадо роҷеъ ба камсаводии баъзе аз имомҳоро дақиқ бикунанд. Рӯзи аввали имтиҳон дар масҷиди «Шоҳмансур» доир гардид ва дар он тақрибан 22 нафар имомхатибон иштирок карданд. Аз ин теъдод 4 нафар аз имтиҳон нагузаштанд. Онҳо дониши динӣ доштанд, аммо ба талаботи имтиҳонгирандагон ҷавоб дода натавонистанд. Хатибҳо ҳамагӣ баҳои аъло гирифтанд. Аммо имомҳои масоҷиди панҷвақта баҳои хуб нагирифтанд».

Имтиҳоноти дониши мазҳабиву дунявии имомхатибҳои шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми август шурӯъ гардида, беш аз 50 имомхатибон аз илми фиқҳу шариат имтиҳон супоридаанд.

Худойбердӣ Эгамбердиев, ки ҳамзамон масъули фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон аст, изҳор кард, ки Маркази исломии Тоҷикистон бо пешниҳоди шаҳрдорӣ дар мавриди баррасии сатҳи дониши мазҳабӣ ва дунявии хатибони масҷидҳои пойтахт ва таъйини салоҳияти онҳо ин санҷишро доир намудааст. Вай афзуд, дар миёни имтиҳонгирандагон Нуриддин Шамсиддинов, масъули умури дин дар ҳукумати Душанбе, низ ҳамчун нозир ширкат кардааст.

Ҳамакнун гуфта мешавад, ба ҷои 4 имоми радди салоҳиятшуда, Шӯрои уламои Тоҷикистон пас аз санҷиш нафарони дигареро ҷойгузини онҳо хоҳад кард. Аммо Қорӣ Шамсиддин, яке аз имомхатибон, кори кумисюни имтиҳонотро мусбат арзёбӣ карда, гуфт, ки аз эшон бештар дар бораи аркони намоз, ҳаҷ, рибо, таърихи ислом ва ҳунари суханварӣ суол кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Худойбердӣ Эгамбердиев мегӯяд, натоиҷи санҷиши савияи дониши имомхатибон рӯзҳои наздик дар як ҷаласаи Маркази исломии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Аммо аз ҳоло эшон ба натиҷае расидаанд, ки сатҳи дониши мазҳабии имомхатибҳои манотиқи дигари Тоҷикистон дар сатҳи боз ҳам поёнтар аст ва аз ин рӯ санҷиши саросарии хатибон зарур мебошад.
XS
SM
MD
LG