Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ва Раҳмон пули рӯи Панҷро боз мекунанд


Фардо, 25 август, раисҷумҳури Афғонистон Ҳамид Карзай барои ҳамроҳ бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон боз намудани пуле рӯи дарёи Панҷ ба Тоҷикистон меояд.


Маросими расмии ифтитоҳи пули марзӣ дар ноҳияи Қумсангир, рӯзи 26 август сурат мегирад. Ин пул, ки сохтмонаш ду тобистон қабл шурӯъ шуда буд, Панҷи Поёни Тоҷикистонро бо Бандари Шерхони Афғонистон мепайвандад. Хароҷоти сохтмони пул дар ҳаҷми 37 миллион долларро ҳукумати Амрико ба зимма гирифта буд.


Гуфта мешавад, ин пул Афғонистонро на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин бо Русия хоҳад пайваст. Барои Тоҷикистон низ ин пул аҳамияти муҳимми иқтисодӣ хоҳад дошт, зеро он роҳи баромади кишварро ба мамолики халиҷи Форс боз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG