Пайвандҳои дастрасӣ

«Миллат»: чиҳо ғояи асосии миллат буда метавонад


Шореҳи варзишии нашрияи «Азия плюс» навиштааст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аввалин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат мекунад, бо пирӯзии худ бар дастаи ИМА мухлисонро ба ояндаи дурахшони футболи тоҷик умедвор кардааст.

Нашрияҳои дигари чопи Душанбе, ба мисли «Миллат», «Фараж», «Тоҷикистон», «Нигоҳ», «Наҷот», «Собития» ва «Вечерний Душанбе» низ ин пирӯзиро ба хонандагон ва ҳаводорони футболи тоҷик табрик кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Зиндагӣ» бо интишори як матлаби таҳлилӣ таҳти унвони «Маҳалгароӣ чӣ фарҳанге аст» мушкилоти маҳалгароӣ миёни мардуми тоҷикро ба баррасӣ гирифтаааст. Муаллифи матлаб сатҳи фарҳангии ҷомиъаро ба се қисмат карда, ин се дараҷаро бо номҳои маҳаллӣ, мазҳабӣ-идеологӣ ва инсонмеҳварӣ ном бурдааст. Ба пиндори ин муаллиф, фарҳанги маҳаллӣ сатҳи табиӣ ва ибтидоии ташакули ҷаҳонбинӣ ва робитаҳои одамон будааст ва дар ин сатҳ одамон ба авлод ва ё қабила маҳдуду побанд боқӣ мемондаанд. Фарҳанги ин қабил мардумонро муаллиф фарҳанги авлодиву қабилавӣ ва дар маҷмӯъ маҳаллӣ номида, бо таассуф зикр кардааст, ки мардуми тоҷик ҳоло дар ин ҳамин сатҳи инкишофи худ қарор доштааст.

Аммо ҳафтаномаи «Миллат» бо чопи як матлаби муфассал зери сарлавҳаи «Миллатсозӣ дар пояи фарҳанги исломӣ, коммунистӣ ва ғарбӣ» пешниҳод мекунад, ки дӯст доштани Тоҷикистон, фахр кардан аз мамлакат ва миллат, умед доштан ба оянда идеали миллии тоҷикӣ ва ғояи асосии миллат буда метавонад. Муаллиф пешниҳод кардааст, ки барои пайдоиши замина ҷиҳати бунёди идеали миллии тоҷикон давлати тоҷикон чун давлати ягонаи демократии ҳуқуқбунёди замонавӣ шинохта шавад. Ба пиндори муаллиф дунявӣ эълом кардани давлат барои зиёда аз 95 дарсади аҳолии мусалмони Тоҷикистон ҳамеша зери суол будааст.

Ҳафтаномаи русизабони «Факти и комментарии» дар арафаи фасли сармо, ки таййи чанд соли ахир дар Тоҷикистон бебарқиро армуғон меорад, бо чопи матлабе таҳти унвони «Ҷаноби Самиев, курси нороҳат намекунад?» мушкилоти норасоии барқ дар кишварро ба баррасӣ гирифтааст. Нависандаи нашрия зимни муроҷиат ба Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», идораи давлатии таъминоти мардум бо барқ, навиштааст, ки шумо дар тӯли фаъолияти раҳбарӣ натавонистаед мушкилоти шумораи аввали мамлакатро ҳал бикунед. Дар чунин ҳолат дар кишварҳои пешрафта, ба қавли муаллиф, масъулини соҳа бо хоҳиши худ истеъфо медиҳанд, вале шумо на танҳо ин корро анҷом надодаед, балки дар давоми 15 соли мустақилияти Тоҷикистон як чунин буҳрони шадиди энержӣ, ки имсол пеш хоҳад омад, натиҷаи роҳбарии шумост ва азобашро мардум мекашад.

Ба навиштаи муаллифи ин матлаб, оқои Самиев натавонистааст музокиротро бо ҳамсоякишварҳо ба таври мусбат пеш барад ва он имрӯз ба бунбаст мувоҷеҳ шудааст, ҳамчунин ҳеҷ як сармоягузор дар ин муддат ҳозир нашудааст ба соҳаи энержии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад ва ҳамоно мушкилоти пардохти аҳолӣ ба идораи барқ бетағйир мондааст, аммо бо харҷи даҳҳо миллион сомонии будҷа бинои идораи ширкати «Барқи тоҷик» тармим шудааст.

Тибқи иттилоъи нашрияи «Фараж», 23 – 28-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ва дигар шаҳрҳои ин кишвар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мешудааст ва ҳайъати фарҳангии Тоҷикистон дар ин мусофиратро Оқил Оқилов, сарвазири кишвар, ба уҳда доштаааст.
XS
SM
MD
LG