Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон 0 - 1 Белгия


Прага. Аксҳо аз Fifa.com Искандари Хоҷамирзода ва Ҳумоюни Шаҳриёр

Қабл аз бозӣ:

Ҳарду тим барои нахустин бор ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасони зери ҳабдаҳ сол роҳхат гирифта буданд. Ин нахустин дидори умуман тоҷикон бо белгиягиҳо дар майдони футбол буд.

Тоҷикистон пас аз пирӯзии қаҳрамонона дар бозии драматикӣ бо Амрико бо рӯҳияи хуш ва бо итминон ба нерӯи хеш ба ин бозӣ омодагӣ мегирифт. Аммо барои аврупоиҳо дар ин бозӣ ғалаба зарур буд, зеро онҳо бозии нахустро ба Тунис бохта буданд ва бохт дар ин бозӣ онҳоро водор месохт, то бозиҳои боқимондаро дар хонаҳои худ нишаста тариқи телевизион тамошо бикунанд. Худи ҳамин рӯз, дар ин гурӯҳ Тунис бозии дувуми худро бо Амрико низ бо ғалаба анҷом дод ва ҳамакнун яке аз рохҳатҳоро ба даст овард.

Бад ин тартиб, бозии Тоҷикистону Белгия бозӣ барои роҳхати дигар аз ин гурӯҳ унвон мешуд.

Қабл аз бозӣ, сармураббии Тоҷикистон Пӯлод Қодиров ба сомонаи Фифа гуфт: "кадом тиме, ки рақиби мо набошад, чӣ қадаре, ки пурзӯр набошад, мо аз он намеҳаросем, зеро мо Тоҷикистонро намояндагӣ мекунем."

Ҳамин тариқ, рӯзи 23 август дар майдони варзишии шаҳри Чангвони Кореяи Ҷанубӣ, тими футболи наврасони Тоҷикистону Белгия рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд.


Бозӣ:

Қисми аввал бо ҳамлаҳои пай дар пайи ҳарду тим гузашт. Аммо чунин ба назар мерасид, ки ҳуҷумҳои тими Белгия хатарноктар буданд. Футболбозони тоҷик низ имкони гол задан доштанд. Аммо дар маҷмӯъ, тӯб каме бештар зери пойи футболбозони аврупоӣ буд.

Дар давоми бист дақиқаи аввал мунтахаби Белгия се дафъа аз самти чап хатти дифоии Тоҷикистонро убур намуда, дарвозаи Миралӣ Муродовро бо таҳдид рӯ ба рӯ кард. Як дафъа тири Белгия ба болочӯби дарвоза бархӯрду ду зарбаҳои дигари онҳо ба ҳадаф нарасид.

Дар охири қисми аввал чанд дақиқа рӯҳафтодагии футболбозони Белгия эҳсос мешуд, зеро ҳамлаҳои онҳо ҳеҷ натиҷае ба бор наовард. Онҳо чанд дафъа ба хато роҳ доданд, вале наврасони тоҷик аз вазъият истифода бурда натавонистанд.

Дар дақиқаи 40-ум дарвозабони Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд, вале чанд дақиқаи дигар довар аз Фиҷӣ Варман Ракеш имкон надод, ки Миралӣ Муродови захмӣ ҳифзи дарвозаро ба Фаррух Бердиев супорад.

Дар қисми аввал тоҷикон ду тӯби кунҷӣ ва футболбозони Белгия се тӯби кунҷӣ заданд. Сардовар ба тими Тоҷикистон ду корти зард ва ба Белгия як корти зард нишон дод. Қисми аввал бидуни гол тамом шуд.

Дар бахши дуюми бозӣ ҳам сарфи назар аз дастгирии нерӯманд ва садобаландии ҳаводорони мунтахаби Тоҷикистон бозӣ зери назорати футболбозони Белгия ва ҳамлаҳои пай дар паи онҳо мегузашт.

Онҳо боз ҳам ба хатоҳои зиёд роҳ доданд ва панҷ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ, футболбозони тоҷик тӯбро дар майдончаи ҷаримавӣ аз дасти онҳо гирифта, гол заданд, вале довар Ракеш Варман аз ҷазираи Фиҷи дар ин лаҳза иштибоҳан офсайд, ҳолати ғайрибозӣ, муайян намуда футболбозони Тоҷикистонро фавқулода рӯҳафтода кард.

Ин буд, ки Кристиан Бентикии дар қисмати дуюм ба бозӣ дохил шуда, дар ҳуҷуми ниҳоӣ ҳисобро ба фоидаи Белгия тағйир дод. Ӯ дар ҷаримагоҳи Тоҷикистон тӯбро гирифт ва бидуни он ки касе ба ӯ халал расонад, тӯбро бо зарбаи сахт вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд. Ин ҳодиса дар дақиқаи 92-юми бозӣ рух дод ва ҳамон лаҳза ҳуштаки довар низ аз анҷоми бозӣ хабар дод.


Пас аз бозӣ:

Боб Бравейз,сармураббии Белгия:
"Футбол бозии ҷолибест. Мо имконоти зиёде доштем, аммо истифода бурда натавонистем. Аммо дар охири бозӣ мо тӯби пирӯзиро зада тавонистем ва ман фикр мекунам, ин ҳадяи Илоҳӣ буд.
Тоҷикистон низ метавонист ин бозиро бибарад, аммо ман фикр мекунам, мо ба ин ғалаба сазовор будем. Дар феҳрасамон мо 21 бозигар дорем ва онҳо сад дар сади нерӯи худро омодаанд барои тим бидиҳанд.!"


Пӯлод Қодиров, сармураббии Тоҷикистон:
"Дар ин бозӣ мо муташаккил набудем ва натавонистем бозии худро нишон бидиҳем. Белгия аз лиҳози иштиёқ аз мо нерӯмандтар буд. Сарфи назар аз натиҷаи номақбули имрӯз, мо ифтихор дорем, ки аз миллатамон дар Ҷоми Ҷаҳон намояндагӣ менамоем. Ин имкони хеле хубест ва мо то охир тамоми кӯшишамонро ба харҷ хоҳем дод."

Кристиан Бенкере, бозигари белгиягӣ:
"Мо тамоми бозиро аз аввал то ҳуштаки ниҳоии довар контрол мекардем. Мо то охир умед доштем, рӯҳафтода нагаштем ва ин подош ёфт. Агар ба ман имкони бозӣ бо Амрико низ дода шавад, ман тамоми талошамро ба харҷ хоҳам дод"

Самад Шоҳзуҳуров, капитани тими ТОҷикистон:
"Ман наметавонам бигӯям, ки шароити бозӣ на ба нафъи мо буд, зеро ин ҳарф танҳо баҳонаҷӯӣ мебуд. Аммо бозӣ мутаассифона на ба нафъи мо шуд. Бар зидди Тунис мо барои пирӯзӣ бозӣ хоҳем кард."


Гурӯҳи "Е"

Дар қуваозмоии дигари гурӯҳи "Е" имрӯз дар шаҳри Чангвон се соат пеш аз бозии Белгияву Тоҷикистон футболбозони ҷавони кишвари африқоии Тунис бо ҳисоби 3 - 1 дастаи мунтахаби ИМА-ро ноком намуда, бо шаш имтиёз ба гирифтани роҳхати аввали бозиҳои ба истилоҳ ҳаштякфинал аз ин гурӯҳ муваффақ шуданд. Акнун Тоҷикистону Белгия бо се имтиёзӣ дар ҷои дуюму сеюм қарор доранд.

Оинномаи Ҷоми ҷаҳонӣ ин тавр аст, ки дастаҳои дар шаш гурӯҳ ҷойҳои якуму дуюмро ишғол намуда, яъне 12 мунтахаб мустақиман бо бозиҳои ҳаштяк-ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Чор ҷои боқимонда насби он мунтахабҳое хоҳад шуд, ки ҷои сеюмро ишғол намудаанд, вале дар муқоиса бо ҷойҳои сеюми гурӯҳҳои дигар имтиёз ва ё голи бештар задаанд.

26 август Тоҷикистон бо Тунис ва Белгия бо ИМА ҳунарнамоӣ мекунанд. Хулоса, ҳанӯз чизе барои Тоҷикистон тамом нашудааст. Ва дар сурати бозии хуб бо Тунис футболбозони Тоҷикистон метавонанд, яке аз роҳхатҳои ҳаштякфиналро ба даст оранд.
XS
SM
MD
LG