Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои қонуни нохушоянд барои хабарнигорон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро ба имзо расонид, ки бар тибқи он барои туҳмату буҳтон ва паст задани шаъни инсон дар интернет ҷазо муқаррар мешавад.


Қарори раиси ҷумҳур доир ба тасвиби тағйиру иловаҳо ба кодекси ҷиноӣ дар нашрияи расмии "Садои мардум" нашр шудааст. Акнун бар асоси тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои туҳмату паст задани шаъни инсон дар интернет низ ҷаримаи зиёд ва то ду соли зиндон муқаррар шудааст.


Вакилони мардумии кишвар ислоҳоти мазкурро 19-уми июн ба тарҳи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид карданд.


Дар ҳамин ҳол, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки тарҳи мазкурро вето гузорад, зеро ин санад озодии баён дар Тоҷикистонро маҳдудтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG