Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - Белгия. Қисми аввал: 0 - 0


рҳ

Пас аз анҷоми қисми аввали бозии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасон миёни тимҳои Тоҷикистон ва Белгия ҳисоб сифр бар сифр аст.


Қисми аввал бо ҳамлаҳои пай дар пайи ҳарду тим гузашт. Аммо чунин ба назар мерасид, ки ҳуҷумҳои тими Белгия хатарноктар буданд. Дарвозабони тоҷик Миралӣ Муродов чандин бор дарвозаи худро аз гол наҷот дод. Футболбозони тоҷик низ имкони гол задан доштанд. Аммо дар маҷмӯъ, тӯб каме бештар зери пойи футболбозони аврупоӣ буд.


Дар қисми аввал тоҷикон ду тӯби кунҷӣ ва футболбозони Белгия се тӯби кунҷӣ заданд. Сардовар ба тими Тоҷикистон ду корти зард ва ба Белгия як корти зард нишон дод. Панҷ дақиқа қабл аз анҷоми қисми аввал, дарвозабон Миралӣ Муродов зарб гирифт ва маҷбур шуд, майдонро тарк гӯяд. Акнун, дарвозаи Тоҷикистонро Фаррух Бердиев посбонӣ медорад. Қисми дуввуми бозӣ соати панҷи бегоҳ ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG