Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - Белгия: Талош барои пирӯзӣ


Соати расо 16 00 ба вақти Душанбе дар майдони варзишии шаҳри Чангвон, тими футболи наврасони Тоҷикистон дар бозии дувуми худ дар Ҷоми Ҷаҳон рӯи ба рӯи Белгия қарор мегирад.


Дар сурати пирӯзӣ бар Белгия, сарфи назар аз натоиҷи бозии саввум бо Тунис, Тоҷикистон ба даври дигар роҳхат мегирад. Аммо ин ғалаба барои тими Тоҷикистон ба осонӣ даст нахоҳад дод. Аврупоиҳо бозии аввали худро ба Тунис бо ҳисоби 2 - 4 бохтаанд ва имрӯз, табиист, ки барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард.


Пӯлод Қодиров, сармураббии тими Тоҷикистон ба сомонаи ФИФА гуфтааст, "кадом тиме, ки рақиби мо набошад, чӣ қадаре, ки пурзӯр набошад, мо аз он намеҳаросем, зеро мо Тоҷикистонро намояндагӣ мекунем."


Чанд дақиқа қабл, дар ин гурӯҳ тими Тунис тими ИМАро мағлуб кард ва ҳамин гуна, роҳхати аввал аз ин гурӯҳро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG