Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон либос иваз мекунанд


IA

Паймони НATO аз Афғонистон гузориш медиҳад, ки имрӯз Толибони силоҳбадаст бо либоси артиши миллии Афғонистон ба як пойгоҳи эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии ИМА дар шарқи Афғонистон ҳамла карданд. Дар ин ҳамла ду сарбози афғон ба ҳалокат расид ва 11 сарбози эътилоф маҷрӯҳ шуданд. Ба қавли NATO, ҳадафи ҷангҷӯён пойгоҳ дар вилояти Нуристон будааст.


Дар ҳамин ҳол, имрӯз ба ҷони волии вилояти Хост, ҷануби шарқии Афғонистон, аз як суиқасд сурат гирифт, ки волӣ Арсаллоҳ Ҷамол ҷон ба саломат бурдааст.


Гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳамлаи маргталабона ба корвони волии вилояти Хост Арсаллоҳ Ҷамол ду муҳофизи ӯ ба қатл расидаанд. Ходимони шифохонаи Хост мегӯянд, ки дар ин ҳодиса боз 4 муҳофизи волӣ ва 8 фарди осоишта ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG