Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқи Эрон бо МАГАТЭ


Баъд аз ду рӯзи музокирот дар Теҳрон Ҷаводи Ваъидӣ, муъовини дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, ки ҳамзамон муъовини раиси ҳайъати музокироти ҳастаии Эрон мебошад, гуфт, бо Ожонсии байнулмилалии энержии ҳастаӣ ҷадвали замонӣ таҳия шудааст, то Теҳрон дар ин муддат ба суолҳои аслӣ дар бораи барномаҳои ҳастаиаш посух диҳад: «Тавофуқоте, ки ба амал омад, аз он бояд таъбир кард бо як пешрафти бисёр дақиқ».

Оллӣ Ҳейнонен, муовини раиси ин ожонсӣ, музокироти Теҳронро хубу созанда арзёбӣ кард. Вай гуфт, тавофуқоти ба даст омада «нуқтаи ъатфи муҳим» ба шумор меравад. Аммо ҷаноби Ҳейнонен бар ин ақида аст, ки иҷрои ин тавофуқот вақт мехоҳад: «Мо ҳоло дар дастамон нақшаи ба тавофуқрасидаи корӣ дорем. Мо дар бораи протоколҳо ба тавофуқ расидем, ки чи тарз онҳоро бояд иҷро кунем. Барои иҷрои он мо вақти муъайан дорем. Мо вақти зиёде сарф кардем, то дар бораи ҷузъиёт ва қадамҳои баъдии наҳваи иҷрои он суҳбат кунем».

Аз сӯи дигар, Амрико ҳамчунон талош дорад, Эронро барои барномаҳои, ба қавли Вошингтон, махфии ҳастаиаш дар инзиво нигаҳ дорад. Мақомоти Амрико мегӯянд, Теҳрон бояд барномаҳои ҳастаии худро муттавақиф созад, зеро чунин барномаҳо метавонанд барои эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ истифода шаванд. Амрико таъкид мекунад, ки Эрон бояд бо бозрасони ҳастаии СММ ҳамкорӣ кунад ва бад-ин тартиб аз севумин таҳримҳои СММ дар канор бимонад.

Гонзало Галлегос, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико, дар эъломияе аз тавофуқоти Эрону Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ интиқод кардааст ва гуфтааст, ин тавофуқот Эронро ба иҷрои дархостҳои Шӯрои амнияти СММ дар бораи қатъи ғанисозии урониюм водор намекунад ва ё дар сурати иҷро нашудани тавофуқот Эронро ба масъулият намекашад. Ӯ мегӯяд, Эрон то ҳол таъаҳҳуддоти худро дар баробари ША СММ роҷеъ ба қатъи фаврии ғанисозии урониюм иҷро накардааст ва барои ин бояд ба таҳримҳои бештар рӯ ба рӯ шавад.

Аммо ҷониби Эрон ҳамчунон пофишорӣ мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Оллӣ Ҳейнонен, муовини раиси ОБЭҲ, мегӯяд, ки иҷрои тавофуқоти рӯзи сешанбеи Теҳрон ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд ва тибқи он бозрасони ҳастаии ин ожонсӣ дар охири моҳи ҷорӣ ва дар моҳҳои сентябру октябр ба фаъолият хоҳанд пардохт. Ба гуфтаи вай, ҷузъиёт дар бораи тавофуқоти рӯзи сешанбеи Теҳрон дар гузориши аввали моҳи сентябри ин ожонсӣ дарҷ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG