Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Моликӣ меравад?


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико зимни суханони худ дар нишасти хабарие дар Конодо аз тавсифи маъмулии фаъолияти Нурӣ ал Моликӣ худдорӣ кард. Баръакс, вай гуфт, ки аз фаъолияти ҳукумати Ироқ нигарон аст:

"Ин ҷо раванде ҷараён дорад ва суоли аслӣ ин аст, ки оё ҳукумат метавонад хостҳои мардумро бароварда созад ё хайр? Агар ҳукумат хостҳои мардумро натавонад бароварда созад, мардум ҳукуматро иваз мекунанд. Дар ин бора худи Ироқиҳо тасмим мегиранд, на сиёсатмадорони Амрикоӣ".

Сенатор Карл Левин-раиси кумитаи таслиҳоти Сенати Амрико баъд аз боздиди ахири худ аз Ироқ дар ин бора ошкортар суҳбат кард. Вай аз порламони Ироқ хост, ки барои барканории Нурӣ Ал моликӣ аз мақоми нахуствазирӣ рай диҳанд. Вакй афзуд, Моликӣ комилан натавонистааст, ба ҳали сиёсии буҳрони Ироқ даст ёбад. Рейн Кроке-сафири Амрико дар Ироқ рузи сешанбе ба рузноманигорон гуфт, ки пешрафтҳои Ироқ ба суи мусолиҳаи миллӣ комилан нигаронкунанда аст. Ҳамаи ин суханон дар ҳоле садо медиҳад, ки Рейн Крокер ва генерал Девид Петрос-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Ироқ бояд ҳафтаи оянда дар бораи вазъи Ироқ гузориш диҳанд ва ин гузриш метавонад дар сиёсати Вошингтон нисбат ба Ироқ ислоҳот ба амал орад. Мустафо Аланӣ -раиси маркази мутолеъоти кишварҳои Халиҷи Форс дар Дубай ба радиои Озодӣ гуфт, нохушнудии Амрико аз Нурӣ ал Моликӣ сабаб дорад:

"Мо ҳоло дар бораи фаъолияти беш аз яксолаи Моликӣ суҳбат мекунем. Вай натавонист дар ин муддат ислоҳоти сиёсие анҷом диҳад, ва интизороти Амрикоро бароварда созад. Ҳоло Амрико эҳсос мекунад, ки вай натавонистааст ба таъмини суботи вазъ саҳм бигирад ва хеле заъиф аст, то битавонад дастаҳои шуриширо пароканда созад. Вай дар муъарефии тағироту иловаҳо ба Қонуни Асосии Ироқ заъфият нишон додааст ва натавонистааст мушкилиҳои рулис ва артишро ҳал кунад".

Аланӣ мегуяд, норизоятии Амрико аз фаъолияти Моликӣ кофист, ки вай аз мақомаш барканор шавад, вале Моликӣ хеле басуръат боварии порламони ироқро низ аз даст медиҳад:

"Моликӣ ҳатто боварии порламони Ироқ, гуруҳи Садр ва эътилофи арабҳои сунниро аз даст медиҳад. Ба ин тартиб, вай на танҳо аз ҳимояти Амрико, балки аз ҳимоят дар дохили кишвараш низ маҳрум мешавад".

Дар марҳалаи кунунӣ мушкил метавон гуфт, ки Моликиро дар мақоми нахуствазири Ироқ чӣ касе иваз хоҳад кард. ҳизбҳои шиъа дар порламон аксариятро ташкил мекунанд. Ба ин далел Мустафо Аланӣ мегуяд, ба эҳтимоли зиёд мумкин аст, Моликиро сиёсатмадори дигари шиъа иваз кунад:

"Онҳо бояд касеро аз аъзои порламон интихоб кунанд, касеро, ки аз ҳимояти порламон бархурдор бошад. Чунин шахс бояд аз як ҳизби аслии шиъа бошад. Иваз кардани шахсият метавонад ба беҳбуди вазъ кумак кунад, зеро ба ақидаи аъзои порламон, Моликӣ шахсест заъиф. Масъала ин нест, ки ҳатман шиъамазҳаб нахуствазир бошад, балки ин масъала низ муҳим аст, ки вай бояд шахсияти муътабар низ бошад".

Ба ақидаи таҳлилгарон, то ҳол ба ҷои Моликӣ номзади дақиқе дар мадди назар нест. Вале мутмаъинан порламони Ироқ шахсияти муносиберо ба ин мақом интихоб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG