Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент либосҳояшро мефурӯшад


Собиқ президенти Латвия хонум Вайра Вике Фрейберга гуфтааст, ки эҳтимол ӯ ба воситаи интернет либосҳои дар давраи раёсатҷумҳурӣ харидаашро ба музояда барорад.


Дар сӯҳбат бо радиои Латвия Фрейберга иброз дошт, ки дар давоми ҳашт соли раҳбариаш бахши калони маошашро барои харидории либос масраф менамудааст.


Ӯ гуфтааст, вазифааш намояндагӣ аз Латвия буд ва ин намояндагӣ мебоист бо либоси муносиб сурат гирад.


Ҳоло Фрейберга як ширкати машваратӣ дар Ригаро раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG