Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин рӯзи озодии Исфандиёрӣ


шф

Донишманди амрикоии эронитабор хонум Ҳола Исфандиёрӣ баъди се моҳи боздошт имрӯз, 22 август аввалин рӯзро дар озодӣ гузаронд.


Ӯ моҳи май бо айбномаи амниятӣ боздошт шуда, 21 август баъди супурдани гаравпулии муодили 320 ҳазор доллари амрикоӣ аз зиндон раҳо гашт.


Баъди тарки маҳбаси Эвини Теҳрон Исфандиёрӣ иброз намуд, ки нозирон бо ӯ муомилаи хуб доштанд.


Қасри Сафед раҳоии Исфандиёриро хуш пазироӣ намуд. Вакили мудофиаи Исфандиёрӣ хонум Ширини Ибодӣ гуфтааст, ки парванди ӯ ҳанӯз ҳам боз мебошад.
XS
SM
MD
LG