Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути чархбол ҷони 14 сарбози амрикоиро рабуд


шф

Имрӯз, 22 август дар шимоли Ироқ бар асари суқути чархбол 14 сарбози амрикоӣ ҳалок шуданд. Низомиёни Амрико мегӯянд, зоҳиран ҳангоми парвози шабона чархбол мушкили техникӣ пайдо кард. Ҳеҷ шаҳодате дастрас нашудааст, ки чархбол бо оташи душман мувоҷеҳ шуда бошад.


Ҳамин тариқ, талафоти ҷонии низомиёни амрикоӣ аз замони оғози амалиёти низомӣ дар Ироқ дар моҳи марти соли 2003 ба 3721 нафар баробар шуд.


Дар ин байн, бино ба гузоришҳо аз Ироқ, як бомбгузори маргталаб бо мошини саршор аз маводи сӯхт ба дарвозаи асосии яке аз пойгоҳҳои полиси шимоли Бағдод бархӯрда, ҳаёти камаш 19 нафарро аз байн бурд.


Дар натиҷаи ин ҳамла ва таркиши дар паи он ба амал омада, дар минтақаи Байҷии 180 километрии шимоли Бағдод 40 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG