Пайвандҳои дастрасӣ

Як қадами дигар ба сӯи пирӯзӣ бар "қанд"


Акнун муаяйн шудааст, ки колбад ва ё скелети инсон танҳо барои рост нигаҳ доштани мушакҳову дигар аъзои бадан нест, балки меъёри қанд дар таркиби хунро ба танзим медарорад. Ин кашфиёти муҳаққиқони амрикоӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории қанд ва табобати он нақши зиёде метавонад иҷро кунад.

Дар мақолае дар нашри тозаи маҷаллаи "Ҳуҷайра", донишманд Жерар Карсентӣ аз Маркази тиббии Донишгоҳи Коламбия ва ҳамкорони ӯ нишон додаанд, ки ҳуҷайраҳои устухонҳо ҳормони остеокалсинро ҳосил мекунанд, ки он ҳормон миқдори қанд дар таркиби хунро ба танзим медарорад. Ба гуфтаи Жерар Карсентӣ, гуруҳи ӯ бо таҳқиқ дар заминаи молекулаҳо далелҳои онро пайдо карданд, ки пиршавӣ, устухонҳои заъиф ва фарбеҳӣ ба ҳам иртибот доранд. Ӯ гуфтааст:

"Вақте шумо 50 сола мешавед, ҳатто агар нахоҳед ҳам вале ҳатман вазн мегиред, бо вуҷуди он ки шумо назар ба 15 ё 20 солагиатон камтар мехуред. Ва ин таҳҳавул дар замоне сурат мегирад, вазни устухонҳои шумо ва ташреҳ ё таровиши остекалсин камтар мешавад. Ин як иртиботи рушан аст, ки то кунун барои мо чизе боварнакарданӣ буд."

Албатта, ҳар нафаре, ки вазн мегирад, ба бемории қанди дараҷаи дуввум гирифтор намешавад, вале иллати бемории 90 дар сади гирифторони бемориҳои қанди дараҷаи дуввумро ба вазни зиёди онҳо нисбат медиҳанд.

Жерар Карсентӣ ва гуруҳи ӯ, ошкор кардаанд, ки миқдори зиёди остеокалсин дар мушҳои озмоишӣ аз гирифтор шудани онҳо ба бемории қанди дараҷаи дуввум ҷилавгирӣ кардааст. Бо вуҷуди хурдани ғизои серравған ин мушҳо вазн ҳам намегирифтаанд ва гирифтори бемории қанд намешудаанд.

Албатта, шеваҳои ҷилавгирии мушон аз гирифторӣ ба бемории қандро наметавон дар инсонҳо истифода кард. Донишмандон қасд дорад, таҷрибаи ояндаро дар маймун анҷом диҳанд ва дар марҳилаи дигар метавон таҷрибаро дар инсонҳо низ гузаронд. Дар ин зимн, табиб Карсентӣ мегӯяд, ки худи афрод метавонанд мустақилона аз бемории қанди дараҷаи дуввум пешгирӣ кунанд.

"Доштани устухонҳои солим кӯмак мекунад, то шумо ба бемории қанди дараҷаи дуввум гирифтор нашавед. Ин комилан рушан аст."

Яке аз роҳҳои мустаҳкам кардани устухонҳо машқҳои ҷисмонист. Ва барои мустаҳкам шудани устухонҳо витаминҳои калсий ва витамин Де зарур аст. Ширу панир, бодом моҳии сардин дар таркибашон миқдори зиёди калсийро доранд.

Бемории қанд дар ҷаҳон ба таври босуръат доман паҳн мекунад. Интизор меравад, ки инсоният то соли 2030 ин ба пандемияи ин беморӣ рӯ ба рӯ шавад. Теъдоди гирифторони ин беморӣ, ки дар соли 2000 ба 171 миллион мерасид, то соли 2030 аз марзи 366 миллион нафар низ убур хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG