Пайвандҳои дастрасӣ

Ба асри 5 мехоҳед ё ба қарни 25?


Мошинҳои сафар дар замон ҳамеша як мавзӯи бофта ва хоси китобҳои хаёлӣ будааст. Аммо Омус Орӣ, донишманди исроилӣ мегӯяд, ки имкони сафар дар замон вуҷуд дорад. Акнун дониши назарии лозим вуҷуд дорад, ки таъкид шавад, сохтани мошини замон ба таври назарӣ мумкин аст. Сохтори риёзии ин кашф дар шумораи ахири маҷаллаи "Тафсири Физика" мунташир шуд.

Омус Орӣ, профессори Донишгоҳи технологии Исроил гуфт, ки бо кӯмаки модели риёзӣ имкони сафар дар замонро собит кард. Албатта мошини замони Омус Орӣ мисли он нест, ки дар филмҳои хаёлӣ доир ба кайҳону замонҳо дидаем. Ва ӯ ҳам доир ба зер кардани як тугма, ки шуморо ба солҳои пеш ва ё ақиб барад нест.

Натиҷагирии аслии Орӣ чунин аст, ки барои сохтани мошини замонӣ, ки муносиби чунин сафаре бошад, нерӯи ҷозибаи азиме лозим аст. Чунин фарз мешавад, ки ин нерӯҳо дар наздики ҳуфраҳои сиёҳ, ба истилоҳи русӣ чёрная дира вуҷуд доранд.

Марзи ҳуфраҳои сиёҳро ҷойи бозгашти рӯйдодҳо меноманд. Ҳар ҷисме, ки ба он ҳуфра бирасад ба умқи он кашида мешавад ва ин дар ҳолест, ки аз хориҷ наметавон дид, ки чи чизе дар дохили ҳуфра рух медиҳад.

Чунин фарзия вуҷуд дорад, ки қонунҳои физикӣ дар дохили ҳуфраи сиёҳ амал намекунанд ва хосиятҳои фазо ва замон ҷойи худро иваз мекунанд ва сафар дар фазо табдил ба сафар дар замон мешавад. Озмоишҳо бо соатҳои ҳастаӣ дар ҳавопаймоҳо нишон додааст, ки таъсири қувваи сахти ҷозиба вақтро таҳриф мекунад.

Дар зимн, алорағми аҳамияти муҳосиботи Орӣ ҳанӯз зуд аст, ки орзуи сафар дар замонро дошт. Ин донишманд эътироф мекунад, ки модели риёзии вайро аз назари фаннӣ феълан наметавон амалӣ кард. Дар айни ҳол, вай таъкид мекунад, ки раванди тавсиаи фанновариҳо ба қадре сареъ аст, ки ҳеҷ касе наметавонад бигӯяд, пас аз чанд даҳ соли дигар аз чӣ имконоте бархурдор хоҳад буд.

Дар кулл, имкони сафар дар замонро Алберт Эйнштейн тавассути назарияи нисбият пешбинӣ карда буд. Фарзияи сафар дар замон муддатҳои мадидест, ки фикри бисёриҳоро банд кардааст. Дар бораи ин мавзӯъ теъдоди бисёри осори илмиву таҳлилӣ вуҷуд дорад, аммо то кунун ҳақиқатан маълум нест, ки оё сафар дар замон амалан мумкин аст ва ё танҳо эҳтимоли назарӣ аст.

Аз он ҷо ки то кунун ҳеҷ кас собит накарда, ки сафар дар замон ғайримумкин аст, ба таври билқувва шонсе, ки фарде битавонад ба гузашта бозгардад ва ё ба оянда сафар кунад, вуҷуд дорад.

Вале боз ҳам Стивен Ҳовкинг, олими Донишгоҳи Кембриҷ шубҳа дорад, ки ҳатто ба таври назариявӣ низ метавон дар замон сафар кард. Ӯ дар китоби "Таърихи мухтасари замон" навиштааст, ки далелҳои озмоишшуда вуҷуд дорад, ки сафар дар замон имконнопазир аст. Вай менависад, инсоният ҳеҷ гуна далели мустанад надорад, ки нишон дода бошад, ки нафаре аз оянда ба замони мо сафар карда бошад.

Стивен Ҳовкинг навиштааст, ӯ бовар надорад, ки табақҳои паррон ва мавҷудоти осмонӣ аз замони оянда ба замони мо омада бошанд ва ҳукуматҳо агарчӣ инро медонанд, вале махфӣ нигаҳ медоранд. Зеро ба гуфтаи вай, ҳукуматҳо дар пинҳон кардани асрор чандон зирак нестанд.
XS
SM
MD
LG