Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазир рӯзҳои фарҳангро боз мекунад


НХ

Рӯзи панҷшанбе нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба Қазоқистон ҷиҳати ширкат дар маросими кушоиши рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар сафар мекунад.


Дар пайи ин сафар сарвазири Тоҷикистон масоили мухталифи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро бо мақомоти Қазоқистон баррасӣ хоҳад кард. Аз ҷумла, мақомоти Душанбеву Остона дар ин нишаст масоили омодагӣ ба нишасти панҷуми кумисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишварро, ки қарор аст, 27 август дар Остона баргузор шавад, баррасӣ хоҳанд кард.


Тибқи иттилои расмӣ, моҳи сентябри имсол раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо як сафари корӣ аз Тоҷикистон боздиди расмӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG