Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз дер сабтином шудани шикоят


Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Давлатмоҳ Исмоилова, як донишҷудухтари ҳиҷобпӯш, ки Вазорати маорифи Тоҷикистонро барои манъи пӯшидани рӯсарӣ дар дарсҳо ба додгоҳ кашида буд, мегӯяд, аризаи даъвоии онҳо дар муқобили ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро додгоҳи шаҳри Душанбе бо сабабҳои норавшан шаш рӯз баъд аз муҳлати аслии пешниҳоди ариза сабти ном кардааст.

Оқои Қудратов гуфт, мо шикоят аз ҳукми ноодилонаи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро 20 июли соли ҷорӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол карда будем ва дар нусхаи ин нома имзои масъули шуъбаи умумии ин додгоҳ ҳаст, вале бо гузашти чанд рӯз ба мо равшан шуд, ки аризаи моро дар санаи 26 июл сабти ном кардаанд.

Ба эътиқоди ӯ, ин бар он маънист, ки гӯиё онҳо пас аз гузашти муҳлати 10 рӯзи қонунии ҳаққи шикоят аз болои ҳукми додгоҳ ин аризаи худро пешниҳод карда бошанд ва аз ин рӯ додгоҳи шаҳри Душанбе наметавонад шикояташонро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Вакили мудофеъ дар зимн афзуд, ин аризаи худ дар мавриди барқарор кардани муҳлати пешниҳоди шикоят аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро имрӯз ба додгоҳи шаҳри Душанбе ироъа кардаанд. Дар сурати мавриди назар қарор нагирифтани ин ариза, мегӯяд ӯ, онҳо дар робита ба амалҳои ғайриқонунӣ ба додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд. Ӯ ҳамчунин гуфт, бо ин ҳама додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Абдулло Раҳматов, ки даъвояшон дар муқобили вазорати маорифро баррасӣ карда буд, ғариқонунӣ ва хориҷ аз салоҳияти худ ҳукми дигаре содир карда ва қарор кардааст, ки шикояти онҳо аз болои ҳукми худи ӯ дар додгоҳи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор нагирад.

Вале дар ҳамин ҳол, додрас Абдулло Раҳматов мегӯяд, ки дар ин маврид ҳеҷ гуна ҳукм содир накарддааст ва парвандаи мазкур барои баррасӣ ба додгоҳи Душанбе ирсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Исоев, ки баррасии шикояти Давлатмоҳ Исмоилова ба ихтиёри ӯ вогузошта шуда буд, гуфт, феълан ин павранда дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аст.

Ба ҳамин тартиб, шикояти Давлатмоҳ Исмоилова дар муқобили ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, ки дар баробари даъвои онҳо аз болои вазорат қазияро ба манфиати Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳал кардааст, дар додгоҳи шаҳри Душанбе ба таъхир афтодааст ва ин додгоҳ ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки шикояти мазкурро ба баррасӣ мегирад ва ё на.
XS
SM
MD
LG