Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол дар Тоҷикистон


hs Тими наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар Ҷоми Ҷаҳон пирӯз омад. Оё ин пирӯзӣ ба эҳёи футбол дар кишвар мусоидат хоҳад кард? Барои рушди футбол Тоҷикистон ба чӣ ниёз дорад?

Ғолиб омадани тоҷикон бар амрикоиҳо худ аллакай мардонагист! Ман аз шунидани ин хабар сарам ба осмон расид, ки имрӯз ҷавонписарони тоҷик қудрати муаррифӣ кардани Тоҷикистони азизро дар арсаи футбол доранд.

Амрикоиҳо аз бозии Тоҷикистон, ки хурдтар аз як иёлаташ аст, дар Ҷоми ҷаҳонӣ шикаст хурд. Ин аввал кор аст ва ман боварӣ дорам, ки дар ояндаи наздик ин ҷавонписарон метавонанд футболро ба яке аз намуди фоидаовари варзиш дар Тоҷикистон табдил диҳанд.

Рӯзе мешавад, ки ин намуди варзиш ба тоҷикистониён фоидаи калон оварад. Бигзор, ҷавонписарони мо ба ҳар гуна намуди варзиш машғул шуда, номи Тоҷикистони азизро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ кунанд. Барои онҳо муваффақият хоҳонам.
--------------------------------------

Ин аз рӯи ҳақиқат набуд ва довар, чи хеле ки бошад, голи ҳақиқӣ задаи Тоҷикистонро ҳисоб накарду тӯби ба даст расида ва сипас гол задаи белжикиҳоро ҳисоб кард.

Ба ҳар ҳол, рӯҳафтода нашавед, бачаҳо, ва барои аз ин гурӯҳ баромадан кӯшиш кунед. Иншоаллоҳ, пирӯзӣ ба даст хоҳед овард!

Саломат бошед.
--------------------------------------

P. S. Фаромӯш нашавад, ман ба ба меҳнатдӯстии сарвари кунунии дастаи миллиии футболи наврасони Тоҷикистон Пӯлод Қодиров ва ва сарвари ин даста Самад Шоҳзуҳуров низ қоилам.

П. Қодиров мегӯяд, барои мо дигар муҳим нест, ки рақиби мо кӣ аст ва то кадом андоза пурзӯр аст, чунки мо аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунем ва бозии худро нишон медиҳем. С. Шоҳзуҳуров ҳам, фикр мекунам, ба дастааш хуб баҳо медиҳад, ки заъифиро эътироф намуда, барои мустаҳкам намудани он талош меварзад.

Офарин бар онҳо!!!

Дилшод.
--------------------------------------

Ҳоло, биёед барои пирӯзии дастаи футболи Тоҷикистон бар Тунис дуо кунем!

Дилшод.
--------------------------------------

Салом!

Ман пирӯзии навҷавонони кишварро дар ин бозӣ табрик мегӯям. Оре, ин пирӯзӣ метавонад, умедҳоро аз нав зинда кунад.

Бо эҳтиром, Симин.
--------------------------------------

Ахсан ба Сухроб Косимов,баьди гузоштани сахми зиедаш дар овардани сулх ба мардуми точик ,галабаи тими футболи точик бар ШМА, боз як далели дигари натичаи захмати уст
____________________


Албатта мушкил аст гуфт, ки ин пирузи ба эхёи футболи точик мусоидат мекунад, зеро дар низоми хукуматдории мо хар кадар боло ба боло тамошо бирави шахсиятхои ачиберо тамошо мерави ки манофеъи шахсиашон болотар аз манофеъи милли меистад. Вале шояд ин пирузи то чое кадр шавад ва агар чунин шавад метавон ба ояндаи дурахшони футболи кишвар умед баст. Ман ин пирузиро ба футболбозони чавони точик самимона табрик мегуям ва ба онхо гуфтаниям ки похоятонро об набарад аз ин пирузи чун Амрикоихо умуман футболбозхои бакувват нестанд. Бошед.
Чоми, Душанбе.
________________


Hon, diruz bozii futboli kishvarhoi Olmon va Britaniyaro didam. In bor timi millii futboli Olmon dar yak holati khele vaznin qaror dosht: 11 bozirngari mashhur va asosii dasta monandi Ballak, Klose, Podolski, Shweinsteiger, Frings va.. va.. dar bozihoi qabli zarb khurda budandu imkoni ba maydon baromadan nadoshtand. Khulosa in ki olmoniho hamvora ba dastai nav durustkarda va javonashon bovar namuda onhoro dastgiri namudand va hatto sadri a'zami Olmon Angela Merkel ba maydoni varzish omad to az dastai kishvarash himoyat kunad. In ba bozingaron ruhiyai tozae bakhshid va onho timi millii futboli Britaniyaro, ki yake az bozingaronash Bekhem ham bud, bo dastai zaifi khud bar hisobi 2 - 1 shikast dodand!
Holo bubinem, ki dar bozii imruzai timi futboli mo kiho mukhlisi haqiqi hastand? Fikr namekunam ki mardum tavonista boshand az Tojikiston baroi didani futbol chiptahoi garoni Korearo paydo karda boshand, vale magar raisi jumhur va dastgohash nametavonad in korro bikunad? Ku on shi'orhoi varzish - tandurusti, oyanda va... va... -i raisi jumhur? Yo u in jo ham dust dorad naqshi asliro bozi kunad, misle ki dar ruzhoi davri milli az pesh hamaro ba sui khud mekhond? Pas koshki in korro ham dar Korea, haddi aqal bo huzurash dar maydon va poyu dastkubu az piruzii futbolbozoni javoni mo ham ijro menamud... On hangom dastai millii mo hatman mu'jiza nishon medod, chun ki on ba in kor qodir ast. Sukhan kutoh, in andeshaam niz yak peshnihod ast, ki boyad barrasi namud. Ammo ba har surat timi millii futboli Tojikistonro mukhotab qaror doda meguyam: Piruz boshed, Mo bo SHumoyem!!!
boz Dilshod
_______________________


Чаро ҳама аз гиребони бечора телевизион мегиред? Охир, имконоти молӣ ва фаннии онҳоро ҳам ба назар гиред. Онҳо ҳам ҳар коре аз дасташон ояд, мекунанд. Мана, ҳамин ҳоло ба таври мустақим бозии Тоҷикистон-Озарбойҷонро намоиш дода истодаанд.
Ба бачаҳои тоҷик таманно мекунам, ки аз пирӯзӣ бар ИМА маст нашаванд ва ба ҳар бозии дигар низ как на последний бой бароянд. Ба роҳхат ба даври дигар низ қаноат накунанд. Мехоҳам, бозии Тоҷикистон бо Бразилияро бубинам.
-----------------------------------

Белгия ва Тунис ҳам капут!
------------------------

salom aleykum,
Olee, oleee, oleeee
Mo gareniyem, mo az hama zurem, InshoAlloh pesh meravem.
Ammo marg ba hamin khel TV, ki bozii Tojikistonjoni xudi moro nishon nadod. Mo dar jahon bozi dorem, inho boshand kansertu surud monda istodaand. Voy bar holi shumo!
Kahramononi asosiyi TJK onho meboshand.Salomat boshed. Az Alloh umedvor hastam, ki bar mo zafaru komyobi medihad
_________________________

Аҳсант ба наврасоне, ки тими Амрикоро шикаст доданд. Боварӣ дорам, ки обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байнулмилалӣ мунтахаби наврасон боло мебарад. Барои ҳар нафари шумо пирӯзӣ мехоҳам.
Нуфарн-4
----------------

Хатто дар рузи пирузии футболбозони навраси точик на ТВ Сафина ва на Шабакаи аввал натавонистанд акаллан навореро дар барномахои иттилоотияшон ба мардум пешкаш кунанд. Пас чи тавр футболбозони точик метавонанд рухбаланд бошанд. Ду шабакаи телевизионии давлатие, ки имруз танхо ба таргибу ташвики сиёсати давлат машгуланд, хатто намедонанд, ки бо кадом намуди гузоришхо барномахои иттилооттии худро чолибтар созанд.
Ман футболбозони точикро бо ин пирузи табрик мегуям ва ба кормандони телевизионхои давлатии Точикистон гуфтаниям, ки ба ришвахори хотима диханд ва бахри дар сатхи зарури анчом додани вазифаашон кушиш намоянд. Профессионализм барои онҳо лозим.
Бо эхтиром, Шоир аз Кулоб
-----------------------------

Bo durud
Man bad az navori katli tojk, ki az dasti millatgarohoi rus vahshiena sarburidaro dida khele gamgin budam va in hama gamro yaksu guzoshtamu ba mukhlisii javononi futbolbozamon pardokhtam. Vakte ki mustakiman az tariki internet bozii javononi Tojikistonro tamosho kardam va kame khudro ruhbaland his kardam.
Man iftikhor mekunam ki holo javononi mo dar jomi jahoni kuvvaozmi mekunand va ba onho muvaffakiyat orzumandam,
hamesha khushholu sarbaland boshed!
_____________________


Воқеан, дар ҳоле, ки сомонаи Озодӣ пас аз ҳар қисми бозӣ ба сареътарин фурсат аз натиҷаи он хабар дода буд, дар телевизиони давлатии тоҷик баҳси танзими ким чӣ мерафт. Ҳол он ки бояд телевизиони давлатӣ худи ҳамон лаҳза бояд барномаҳои дигари худро қатъ мекард ва хабари пирӯзиро медод. Бояд худи ҳамон рӯзаш раисҷумҳур расман унвони футболбозон табрикот мефиристод ва онро тавассути расонаҳо паҳн мекард. Охир, чӣ дар дастгоҳи раисҷумҳур ва чӣ дар телевизион ҳатман, ки дастрасӣ ба интернет доранд! Афсӯс, мо ҳеҷ вақт ҳунари ташвиқ ва пиари баландпарвозиҳои худро надоштем.
Шаҳриёр
--------------------------------

Ba nomi u,
Avvalin piruzii futbolbozoni navjavoni Tojikistonro ba tamomi millati sharifi tojik tabrik gufta baroi navjavonon burdboriho, sihatiyu salomati va koyobihoi payopay xohonam . chun sitorahoi kishvaramon hamesha duraxshon boshand va umedvorem ki bo taloshhoi xesh va duoi muxlison ba gulai piruzi rasand va gahramoni jahon gardand.
In navjavonon piruziyashonro madyuni dusti va samimiyate ki da baynashon vujud dorad hastand va aksari onho dar yak boshgoh mashg mekunand va shinoxti kofi az hamdigar dorand.
Albatta, in piruziho dar ehyo va peshrafti futboli tojik nagshe muassir dorad va baroi ehyoi futbol boyad sarmoya guzori mustagim, paxshi bozihoro musatgim az shaabakahoi tojikiston va ejodi varzishgohho az hama muhimtar kor ro ba kordon suporidan va afrodeki masuliyati varzishi dorand boyad vazifae digare gayr az varzish nadoshta boshand misli nizomi va korhoi hukumati, boyad ozod boshand
bo ehtirom, Qurbon
_________________________

Eh-ha, yodam hast, ki hej bovaram nameshud, vaqte shunida budam, ki dastai bozingaroni zeri 17 solai futboli Tojikiston ba Jomi Jahon roh yofta budand. Oghozi boziashonro besabrona intizor budam va chun bozi shuru' shud, dar maydon dustonero ham didam, ki on zamon dar khuyobonhoi Dushanbe bo ham futbol bozi mekardem!!! Bovarnoshudani, vale haqiqat chunin ast. Bo khud meandeshidam, ki kosh 4 sol khurdtar budam, to man niz hamrohashon miraftam Korea va bozi mekardam. Holo ba har hol, dar ghurbat az onho bisyor siposguzori mekunam, ki obruyi Tojikistonro balandtar namudaand.
Holo fikr mekunam, charo surude ham baroi in bachaho nadoshta boshem? On gunae, ki Xavier Naidoo baroi timi millii futboli Olmon va Orash baroi timi millii futboli Iron surudhoi ruhbalandkunanda va zeboe khondaand, charo az hofizoni mo kase dar in bora chize namekhonad? Okhir mo ham aknun ba in guna korho sazovorem! Khub, kani Shabnam, Najmiddin, Manija, guruhi SHams, chize bigued!!!
Dilshod
______________


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG