Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози додгоҳи 15 узви ҳукумати Саддом


hs

Дар Бағдод мурофиаи додгоҳи 15 нафар аъзои режими Саддом Ҳусейн дар Додгоҳи олии низомӣ оғоз шуд. Онҳо ба иттиҳоми даст доштан дар саркубии шиаёни шӯришии Ироқ дар соли 1991 муҳокима мешаванд.


Ин 15 нафар, аз ҷумла Султон Ҳошим-вазири дифоъи режими Саддом ва Алӣ Ҳасан ал Маҷид - амакбачаи Саддом Ҳусейн, ки бо номи мустаъори Алии кимиёвӣ машҳур аст, барои куштори соли 1988 дар Ҳалабча муттаҳам дониста мешаванд. Ҳусейн Рашид ал Тикритӣ низ дар миёни онҳо ҳаст, ки он вақт фармондеҳи аршади артиши Ироқ буд.


Қозии додгоҳ дар оғози мурофиа гуфт, пас аз ҷанги аввали Халиҷи Форс шиаён дар Ироқ бар зидди режими Саддом бархостанд ва он шӯриш ба таври бераҳмона пахш шуд. Чунин кушторҳо дар атрофи шаҳрҳои муқаддаси Наҷафу Карбало, Ҳиллаву Басра баъд аз он анҷом гирифт, ки нируҳои амрикоии мустақар дар Кувайт амалиёти худро дар дохили Ироқ қатъ карданд. Баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн дар атрофи ин шаҳрҳо чандин қабри дастаҷамъӣ пайдо шуд.


Алӣ Ҳасан ал-Маҷид ва ду нафари дагар аз ҳамроҳонаш, яъне Султон Ҳошим, вазири дифоъи вақт ва Ҳусейн Рашид ал-Тикритӣ, фармондеҳи аршади артиши Саддом дар мурофиаи қаблӣ барои қатли ом ва ҷиноят бар зидди башарият маҳкум ба қатл шуда буданд. Ҳукми онҳо барои баррасии ниҳоӣ ҳоло ба Додгоҳи Олии Низомӣ ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG