Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон: кишваре, ки ягон рӯзнома надорад


шаҳри Душанбе Маркази Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе бо роҳандозии як иқдом ба баррасии вазъи матбуоти Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Тибқи ин тарҳ, вазъи расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон дар панҷ бахш таҳқиқ шуда, қарор аст натоиҷи ниҳоии таҳқиқот дар моҳи ноябри имсол эълом шаванд. Ҳамзамон масъулини Маркази САҲА дар Душанбе мегӯянд, бар асоси натоиҷи ин таҳқиқот, барои беҳбуд бахшидан ба вазъи расонаҳои чопӣ дар кишвар як дастуре ба ҳукумати Тоҷикистон ирсол мешавад.

Маркази САҲА дар Душанбе бо ҳадафи равшан кардани мушкилоти фаннии расонаҳои гурӯҳӣ, бавижа нашрияҳои даврии Тоҷикистон, қасд дорад як таҳқиқоти густардаеро ба сомон расонад. Тарҳи мазкур «Таҳқиқоти миллӣ дар соҳаи нашрияҳои даврӣ» унвон дошта, дар 5 марҳила анҷом дода мешавад.

Екатерина Клименко, масъули бахши расонаҳои гурӯҳии намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе, мегӯяд, лоиҳаи мазкур, аслан, омӯзиши мушкилоти паҳнкунии нашрияҳо, қимати онҳо, дурнамои иқтисодии нашрияҳо, афкори муштариён ва коршиносони соҳаи рӯзноманигориро дар назар дорад. Ба гуфтаи хонум Клименко, барои иҷрои ин барнома коршиносони байнулмилалӣ ва маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Натоиҷи таҳқиқот дар моҳи ноябри соли ҷорӣ эълом шуда, маводди ондар шакли маҷмуъа ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ - интишор хоҳанд шуд. Екатерина Клименко мегӯяд: «Бо анҷом додани ҳамаи панҷ марҳилаи таҳқиқи вазъи матбуоти Тоҷикистон тасмим дорем, ки дастуре оид ба беҳсозии авзоъи расонаҳои чопии кишвар таҳия ва онро, барои мақомоти давлатии Тоҷикистон, доираҳои соҳибкориву ноширон пешниҳод намоем. Дар ин дастур тадбирҳои мушаххасе дар роҳи ислоҳи вазъи матбуот дар Тоҷикистон нишон дода мешавад ва ин қисмати лоиҳа дар соли оянда мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Ман алъон наметавонам, тавзеҳоти бештар аз инро ироъа кунам, аммо марҳилаи аввали таҳқиқот, ки дар авоили моҳи сентябр натиҷагирӣ мешавад, муайян хоҳад кард, ки то куҷо мушкили паҳнкунии нашрияҳои даврӣ ҷиддист ва чи чорае дар ин иртибот бояд андешид. Натоиҷи марҳилаи аввали таҳқиқотро бо даъвати як нишасти хабарӣ эълом хоҳем кард».

Тибқи иттилоъи расмӣ, феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 400 нашрияи даврӣ сабтином шудаанд, аммо бо гузашти 16 сол аз касби истиқлоли давлатӣ феълан ягон рӯзнома (нашрияе, ки ҳар рӯз ба табъ расад) дар ин кишвар интишор намешавад. Теъдоди калонтарини нашр дар ҳудуди 25 000 нусха аст, ки он ҳам нашрияҳои ҳукуматӣ мебошанд.

Дар навбати худ, ҳафтаномаҳои мустақил аз 2 000 то 15 000 нусха дар як ҳафта ба чоп мерасанд. Мушкили паҳнкунии нашрияҳо дар саросари кишвар низ мушоҳада мешавад. Нашрияҳо, ки асосан дар пойтахти кишвар - Душанбе - ба табъ мерасанд, бо гузашти аз як то се рӯз ба минтақаҳо мерасанд ва дар ҳамин ҳол қиматашон низ то як баробар боло меравад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG