Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол : Тоҷикистон бар ИМА пирӯз гардид!


Искандар Алиев Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии нахустини чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-соларо бо пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби ИМА оғоз намуд.

Бозии дувуми гурӯҳи "Е" байни дастаҳои ИМА ва Тоҷикистон дар стадиони шаҳри Чангвони Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи наврасони тоҷик хотима ёфт. Дар бозии аввал футболбозони Тунис бар Белгия бо ҳисоби 4:2 дастболо шуданд. Ҳамин тариқ, футбозонони тоҷик феълан бо 3 имтиёз дар ҷои дувум қарор доранд.

Қуваозмоии наврасони тоҷик бо ҳамтоҳои амрикоияшон бо ҳуҷумҳои пай дар пайи амрикоиҳо оғоз ёфт. Нахуст капитани амрикоиҳо Майкл Бейтс дар дақиқаи 9-уми бозӣ тӯби аз бурҷи рост ҳаво додашударо бо сараш ба ҳадаф расонид.

Ғайричашмдошти амрикоиҳо ин гол ба футболбозони тоҷик таъсири мусбат расонд. Онҳо ба тадриҷ идораи бозиро ба дасти худ гирифта, Дар дақиқаи 32-вум ҳисобро баробар карданд: зарбаи нишонраси Фарҳод Восиев ба тӯри дарвозаи ИМА ворид шуд.

Аммо ин танҳо оғози тундбоди ҳамлаҳои футболбозони Тоҷикистон буд. Дар дақиқаи 43-ми қисмати аввал ҳуҷумкунанда Далер Тухтасинов чанд муҳофизи дастаи Амрикоро бо маҳорати баланд фиреб дода, тӯбро дар дохили майдончаи ҷаримавӣ ба капитани дастаи Тоҷикистон Самад Шоҳзуҳуров партофт. Ва С. Шоҳзуҳуров бо зарбаи сахт ҳисобро ба нафъи Тоҷикистон тағйир дод.

Нимаи дувуми бозиро футболбозони тоҷик бо ду ҳамлаи шадид шурӯъ намуданд. Вале дар дақиқаи 48-ум Грег Гарза аз хатои дарвозабони тоҷик Бердиев истифода бурда, ҳисобро баробар кард.

Баъди ин чанд дақиқа ташаббус ба дасти амрикоиҳо гузашт ва дар дақиқаи 53-вум боз ҳам амрикоиҳо зарбаи бурҷиро бо маҳорат истифода бурданду Биллӣ Шуллер ҳисобро ба фоидаи мунтахаби ИМА тағйир дод. Ҳамин тариқ, бахши асосии нимаи дувуми бозӣ таҳти идораи амрикоиҳо гузашт.

Дар даҳ дақиқаи охири бозӣ сармуррабии Тоҷикистон ҳуҷумкунанда Нурриддин Давроновро ба бозӣ дароварда, сарнавишти онро ҳал кард. Н. Давронови тозанафас баъди ду дақиқаи ворид шудан ба майдон тӯбро аз рақибон гирифта, баъди фиребидани ду ҳариф аз масофаи 25 метр голи зебоеро ба самар расонд.

Ин гол дастаи амрикоиро шикаст дод. Тоҷикистониҳо бо ҳисоби баробар қаноат накарда, ҳамлаҳояшро бо нерӯи бештар идома дод. Акнун зарбаи Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев буд, ки ба қавли нозири ФИФА эҳтимол яке аз беҳтаринтрин голҳои ин мусобиқа гардад. Баъди зарбаи Ф. Фатҳуллоев аз беруни майдончаи ҷаримавӣ тӯб ба бурҷи болоии маъруф ба «9» расид.

Ин голи зебо ҳамагӣ 4 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба самар расида пирӯзии ниҳоии дастаи Тоҷикистонро бар яке аз дастаҳои пурзӯри гурӯҳ таъмин намуд. Дақиқаҳои охирини бозӣ бо ҳуҷумҳои пайвастаи наврасони тоҷик гузашт ва, ба қавли мутахассисони футбол, агар боз чанд дақиқаи дигар фурсат мешуд, тоҷикистониҳо метавонистанд ба дарвози ҳарифони худ боз на як голи дигар зананд.

Шавкат Аҳмадов, яке аз кормандони масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо родиюи "Озодӣ" гуфт, ки пирӯзии футболбозони наврас онҳоро ба ояндаи футболи тоҷик бештар умедвор мекунад.

Муттаассифона, расонаҳои телевизионии Тоҷикистон ин бозиро намоиш надоданд, вале хабари пирӯзии дастаи футболи наврасони Тоҷикистон дар як они воҳид дар байни мухлисон паҳн шуд ва дӯстдорони футбол ҳама ин навидро бо хушнудии зиёд истиқбол гирифтанд.




Баъди анъоми бозӣ дар як нишасти матбуотӣ мураббиёну футболбозони ҳарду даста фикри худро иброз доштанд.

Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи Тоҷикистон: «Ман хеле хушҳолам, ки тамринот ва заҳамоти мо ахиран кор дод. Ман медонистам, ки мо бояд ин бозиро бибарем, зеро барои пирӯзӣ хеле ранҷ бурдаем. Дар бозиҳои оянда, сарфи назар аз онки рақибамон кӣ хоҳад буд, тамоми талошҳоямонро барои ғалаба равона хоҳем сохт».

Ҷон Ҳекворс, сармураббии тими ИМА: «Қабл аз ҳама, дастаи Тоҷикистонро табрик мегӯям. Тоҷикистон тими хубе дорад, ки имрӯз бозии фантастикӣ нишон дод. Бозӣ дар ду маврид, дар аввалҳои ҳарду қисм, зери дасти мо буд, аммо бозигарони ҷавони мо ба эҳсосот дода шуданд. Ин поён нест. Дар пеш боз ду бозӣ ва шаш холи эҳтимолист, ки барояшон талош хоҳем варзид. Мо бояд ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи худро бисанҷем ва барои бозиҳои оянда омодагӣ бигирем».

Самад Шоҳзуҳуров, нимҳимоятгари дастаи Тоҷикистон: «Дастаи Амрико тими хубест. Аммо мо ҳамеша пирӯзиро мехоҳем ва барои ба даст овардани он ҳама корро мекунем. Ғалабаи мо барои мардуми Тоҷикистон аст. Ман мехоҳам, он мухлисонеро, ки имрӯз моро дастгирӣ ва ҳаводорӣ мекарданд, ташаккур бигӯям».

Майкл Бейтз, капитани тими ИМА: «Маълум шуд, ки Тоҷикистон нисбат ба хоҳиши бештари пирӯзиро доштааст. Мо ҳам имкони ғалаба доштем, аммо акнун ин гуна имконро дар бозии оянда бо Тунис хоҳем ҷуст. Омодагиҳо ва талоши мо барои ин бозӣ низ ҳамон гуна хоҳад буд».
XS
SM
MD
LG