Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми ҷаҳон: Тоҷикистон - ИМА - 4 : 3


Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Фарҳод Восиев, Самад Шоҳзуҳуров, Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонданд.

Нахуст дар ин гурӯҳ дастаҳои наврасони Белгия ва Тунис рӯ ба рӯи ҳам омаданд ва бозӣ бо натиҷаи 4 бар 2 ба нафъи Тунис хотима ёфт.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «Е» Тунис ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Дар даври дуввум рӯзи 23-уми август дар шаҳри Чангвони Кореяи Ҷанубӣ нахуст Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тунис ва баъдан Тоҷикистон бо Белгия рақобат мекунанд.

Пас аз анҷоми даври аввал дар гурӯҳи «А» Перу, дар гурӯҳи «В» Бразил, дар гурӯҳи «С» Испаниё, дар гурӯҳи «D» Ҷопон ва Нигерия ва дар гурӯҳи «F» Ғано бо сеимтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор гирифтаанд.


Оғози Ҷоми президенти Тоҷикистон

Мусобиқоти байнулмилалии теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми август дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Ибод Шарифӣ, муовини раиси Федеросиюни тенниси Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар севвумин давраи ин мусобиқот 55 нафар теннисбозони наврас аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва, ҳамчунин Эрон дар майдони тобистонаи тенниси пойтахти кишвар рақобат доранд.

Ба иттилоъи оқои Шарифӣ, дар ин мусобиқот, ки то рӯзи 24-уми август идома хоҳад кард, 39 нафар теннисбозони тоҷик дар ҳайати ду дастаи шаҳри Душанбе ва тими мунтахаби вилояти Суғд ҳунарнамоӣ мекунанд. Миёни онҳо барандагони мусобиқоти соли гузашта Бахтиёр Саъдуллоев ва Аҳмадҷони Муҳаммад низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG