Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду тӯби Тоҷикистон дар 45 дақиқа


ҳф

Тими Тоҷикистон дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ, баъд аз қисми аввали бозӣ бар зидди Амрико бо ҳисоби ду бар як пешсаф аст.


Бозӣ бо бартарияти амрикоиён шурӯъ шуд ва аллакай дар дақиқаи нуҳум футболбози амрикоӣ Бейтз ҳисобро боз кард. Аммо тими Тоҷикистон ба оҳистагӣ риштаи бозиро ба пои худ баст ва бозӣ дигар бештар дар нимаи амрикоии майдон мегузашт. Дар дақиқаи 32 бозӣ бозигари тоҷик Восиев ҳисобро баробар намуд.


Дар давоми бозӣ, ҳарду тим, ва аммо тими Тоҷикистон бештар имкони тӯб задан доштанд. Ду дақиқа қабл аз анҷоми қисми аввали бозӣ Шоҳзуҳуров аз дастаи Тоҷикистон аз бартарияти тими футболаш истифода бурда тӯбро бори дигар вориди дарвозаи Амрико сохт.


Ҳамин гуна, ин лаҳазот бозигарон истироҳат доранд ва баъд аз дақиқае чанд барои қисми дуввум ба майдон мебароянд. Ҳисоб дар ҳоли ҳозир: ДУ бар ЯК ба нафъи ТОҶИКИСТОН.
XS
SM
MD
LG