Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии олмонизани рабудашуда дар Афғонистон


Як хонуми олмонӣ, ки ду рӯзи пеш дар Кобул рабуда шуда буд, тайи як амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Афғонистон раҳо гардид.


Кристина Майери 31-сола дар яке аз созмонҳои хайрия фаъолият мекард ва рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз яке аз тарабхонаҳои як маҳаллаи Кобул рабуда шуд. Одамрабоён тариқи як навори видеоӣ, ки аз телевизиони мустақили Тулӯъи Кобул нашр шуд, ба ивази раҳоии ин зан аз ҳукумат хоста буданд, ки иддае аз зиндониёнро озод бикунад.


Змарай Баширӣ, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфтааст, гурӯҳи одамрабоён боздошт шудааст. Бино бар ҳарфи оқои Баширӣ, ин гурӯҳ ба Толибон тааллуқ надоштааст.


Вазорати умури хориҷии Олмон изҳор доштааст, ки хонуи озодшудаи олмонӣ ҳоло дар сафорати ин кишвар дар Кобул аст.
XS
SM
MD
LG