Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии чашмгири ҳизби Нурсултон Назарбоев


Тибқи натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумонии Қазоқистон, ҳизби ҳокими "Нур-Отан"-и президент Нурсултон Назарбоев бо касби 88%-и ройҳо пирӯзии чашмгир ба даст овард. Дар интихоботи дирӯз ҳеч яке аз аҳзоби мухолиф натавонист, аз монеаи ҳафтдарсадӣ гузарад ва ба порлумон роҳ ёбад. Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон мегӯяд, наздик ба 65 дарсади соҳибони ҳаққи раъй дар овоздиҳи 18-уми август ширкат ҷустаанд.





Бӯрихон Нурмуҳаммадов, раҳбари ҳизби мухолифи "Ақ Жол" гуфт, тарафдорони ӯ бо сабаби хилофкориҳои зиёд дар интихобот, натиҷаҳои онро қабул надоранд: "Мо ба ин натиҷаҳо розӣ нестем ва онҳоро эътироф намекуунем. Мо гузоришҳо гирифтаем, ки қонуни интихобот поймол шуда, тақаллубкориҳо сурат гирифтаанд. Мо изҳорот хоҳем дод ва натиҷаҳоро намепазирем."






Ҳизби "Ақ Жол" тибқи натиҷаҳои ибтидоӣ 2, 25 % рой гирифтааст. Амирҷон Косанов, раҳбари Ҳизби умумиллии сотисиал-демократи Қазоқистон интихоботро бозгашт ба давраи яккаҳизбии шӯравӣ номидааст. Ин ҳизб ҳам бо сабаби касби ҳамагӣ 4, 62 %-и овозҳо ба порлумон роҳ наёфт. САҲА гуфт, шеваи баргузории интихобот дар қиёс бо интихоботҳои гузашта пешрафт карда бошад ҳам, он натавонист, ба меъёрҳои байнулмилал ҷавобгӯ бошад. Аммо нозирон аз Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд иинтихобот порлумонии Қазоқистонро озоду одилона ва шаффоф унвон карданд. Ин ҳам дар ҳоле ки ба Кумисюни марказии интихоботии Қазоқистон зиёда аз 260 шикоят ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG