Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такмили маҳорати шореҳони варзиш


Ин давра бо ибтикори Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб доир гардид.

Як тан аз ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ Абдурауф Аҳмадов, шореҳи варзиши ширкати телевизионии "Гули бодом"-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба радиои Озодӣ гуфт, давраи бозомӯзӣ, бахусус, ба баландшавии сатҳи касбии хабарнигорони соҳа мусоидат хоҳад кард.

Хабарнигорон, ҳамчунин бо раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот карда, ба суолҳои худ дар робита ба ҷараёни омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2008 посухҳои дақиқ гирифтанд.

Ҷаноби Раҷабалиев дар ҳузури намояндагони васоити ахбори умум бар асоси даъватномаи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба ҳуҷҷате, ки ширкати варзишгарони Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии соли 2008 тасдиқ мекунад, имзо гузошт.


Ҷоми президенти Тоҷикистон

Рӯзи 20-уми август дар шаҳри Душанбе севвумин давраи мусобиқоти байнулмилалии теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд, ки то 24-уми август идома хоҳад кард.

Дар ин бозиҳо 55 теннисбози наврас аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Эрон ширкат доранд.


20-уми август: Тоҷикистон - ИМА

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки барои аввалин бор дар давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола ширкат меварзад, дар нахустин дидори худ дар гурӯҳи «Е» 20-уми август дар шаҳри Чангвони Кореяи Ҷанубӣ бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рақобат хоҳад кард.

Нахуст дар ин гурӯҳ дастаҳои наврасони Белгия ва Тунис рӯ ба рӯ омаданд. Бозӣ бо натиҷаи 4 бар 2 ба нафъи Тунис хотима ёфт.

Натоиҷи нахустин бозиҳои даври аввал чунин аст: гурӯҳи «А» - Кореяи Ҷанубӣ - Перу - 0 : 1, Коста-Рика - Того - 1 : 1, гурӯҳи «В» - Бразил - Зеландияи Нав - 7 : 0, Кореяи Шимолӣ - Инглистон - 1 : 1, гурӯҳи «С» - Ҳондурас - Испониё - 2 : 4, Аргентина - Сурия - 0 : 0, гурӯҳи "D" - Нигерия - Фаронса - 2 : 1, Ҷопон - Гаити - 3 : 1, гурӯҳи "Е" - Белгия - Тунис - 2 : 4, гурӯҳи "F" - Тринидад ва Табаго - Ғано - 0 : 1.
XS
SM
MD
LG