Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии ношири видеои қатли одамон аз ҳабс


Ношири навори видеоии қатли як тоҷик ва як доғистонӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет пас аз ду рӯзи ҳабс ва бозпурсӣ дар додситонии Ҷумҳурии Адигеи Русия ба озодӣ баромад. Намояндаи расмии додситонӣ Василий Гук гуфт, муфаттишон ба натиҷае расиданд, ки вай барои ҷомеа хатарнок нест ва аз он ҷо ки таҷҳизоти компютерии ӯ мусодира шудааст, дигар наметавонад ҳеч гуна навори видеоӣ нашр кунад.


Гук афзуд, дар ҳоли ҳозир талошҳои муайян кардани ҳақиқати ҳодисаи наворбардоришуда идома дорад ва агар воқеъияти ҳодиса исбот шавад, таҳқиқи ҷиддии парванда оғоз хоҳад ёфт.


Шанбеи гузашта дар шабакаи ҷаҳонии интернет навори ваҳшатангезе нашр шуд, ки дар он афроди ниқобпӯш да муҳоҷири ғайрирусро асир гирифта, сари якеро аз тан ҷудо мекунанд ва дуввумиро аз пушти сар мепаронанд. Дертар Ҳизби натсионал-сотсиалисти Русия масъулияти қатл ва аккосии наворро бар дӯш гирифта, таҳдид кард, ки "ҷанги худро бо муҳоҷирон идома хоҳад дод."


Бархе аз коршиносон онро тақаллубӣ мешуморанд, вале дар ин сурат ҳам муаллифон ва паҳнкунандагони навор бояд тибқи чанд банди қонуни кайфарии Русия ба ҷазо кашида шаванд, монанди ангезиши нафрату хусумати байниқавмӣ, беэҳтиромӣ ба шарафи инсон ва ғайра.
XS
SM
MD
LG