Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Амрикоро ба майдон мекашад


Бистуми август, соати 20.00 ба вақти маҳаллӣ баробар ба 16.00 вақти Душанбе дар майдони варзишии шаҳри Чангвон ин ду тим рӯ ба рӯи ҳам меоянд.

Пеш аз бозӣ: Алекс Нимо, футболбози навраси амрикоӣ баъди он ки дар бозиҳои интихобии минтақаи Конкакаф се тӯб зад, ҳамчун умеди тимаш ном бурда мешавад. Ҳамин гуна умедҳоро Тоҷикистон ба пойҳои Давронҷон Тӯхтасунов мебандад. Аксари футболбозони тоҷик дар ватани худ дар як даста, дар Динамои пойтахт бозӣ мекунанд ва аз ин рӯ зоҳиран чашмони пӯшида ҷойгиршавии ҳамдигар дар майдонро бидонанд ва мақсади якдигарро аз як нигоҳ дарк бикунанд. Ҳарду тим ба бозии нахуст бидуни ҳеҷ талафе омадаанд ва интизор меравад, ҳайъатҳои қавитарини худро ба майдон бирезанд.

Ин ду тим дар гузашта боре ҳам дар майдон дар муқобили ҳам қарор нагирифта буданд ва ин дидори нахустинашон хоҳад буд. Ва аммо таҷрибаи иштирокашон дар ин гуна мусобиқот дигаргун аст. Дар ҳоле, ки тоҷикон бори аввал шомили феҳраси ширкатдорони бозиҳои ниҳоӣ гаштаанд, Иёлоти Муттаҳида дар ҳамаи 12 мусобиқоти гузашта иштирок карда буд.

Назарҳои рақибон:

Пӯлод Қодиров, сармураббии Тоҷикистон: "ИМА рақиби нерӯманд аст ва шоистаи эҳтиром мебошад. Аммо мо ин ҷо омадаем, то бозии худамонро нишон бидиҳем. Ман аз тимам мехоҳам, то ҳамон бозие, ки дар Сингапур карда буданд, ин ҷо нишон бидиҳанд."

Ҷон Ҳэкворс, сармураббии ИМА: "Ман имкони тамошои бозии Тоҷикистонро надоштам, аз ин рӯ, то андозае мушкил хоҳад буд омодагӣ ба бозӣ бар зидди он. Аммо танҳо коре, ки мо бояд бикунем, диққати худро ба бозии худ равона бисозем. Мутмаинам, бозии хубе хоҳад буд."
XS
SM
MD
LG