Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили радиои Би-Би-Си дар Русия


Хабаргузории бритониёии Би-Би-Си изҳор намуд, ки имрӯз бозпахшкунандаи барномаҳои русии ин радио дар мавҷҳои FM-и шаҳри Маскав пахши гуфторҳои ин шабакаро қатъ кардааст.


Радиои "Болшое Радио" барномаҳои Би-Би-Си-ро таблиғоти хориҷӣ унвон додааст. Бо ин қарор, пахши барномаҳои русии Би-Би-Си фақат дар мавҷҳои миёна ва кӯтоҳ боқӣ мемонад.


Ҳамчунин мақомоти Русия шумораи радиоҳоеро, ки дар мавҷҳои худ барномаҳои Радиои Озодӣ ва Садои Амрикоро пахш мекунанд, коҳиш додаанд. Пахши барномаҳои русиву олмонии Радиои олмонии "Дойче Велле" ҳам дар мавҷи миёна мушкил пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG