Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои СҲШ машқҳои муштарак доир карданд


ҳф

Имрӯз дар ҷануби Русия тамрини низомии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой баргузор шуд.


Дар канори кӯҳҳои Урал, дар наздикиҳои марзи Русия бо Қазоқистон беш аз шаш ҳазор сарбозу афсар, даҳҳо ҳавопаймои ҷангӣ ва садҳо мошини зиреҳпӯш муқовимат ба ҳамлаи хаёлии террористонро машқ карданд. Тибқи барномаи машқҳо нерӯҳои Русияву Чин ҳамроҳ бо сарбозони Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебоист захираҳои табииро аз ҳамлаи террористон ҳифз мекарданд.


Президенти Русия Владимир Путин ба тамрини имрӯза баҳои баланд дод. Ӯ ин машқҳоро қадами дигаре дар роҳи таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ ва қабл аз ҳама амнияти мардуми кишварҳои иштирокчии он номид.


Як рӯз пеш аз машқҳои низомӣ раҳбарони шаш кишвари узв дар шаҳри Бишкек дар нишасти солонаи Созмон ширкат варзиданд. Дар пойтахти Қирғизистон шаш кишвар ӯҳдадор шуданд, ки дар истихроҷу коркард ва рушди содироти захираҳои энергетикӣ ҳамкорӣ намуда, кӯшишҳои таҳкими амниятро тавсеа бахшанд. Владимир Путин пешниҳод кард, ки бо ҳадафи иҷрои ин барнома як конуни энергетикӣ ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG