Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми додгоҳи тоҷик ба маҳбусони собиқи Гитмо


Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии ду шаҳрванди ин кишвар, ки шаш соли собиқаи зиндони Гуантаномаро доштаанд, ба поён бурда, онҳоро барои 17 сол равонаи зиндони низомаш шадид кардааст.


Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ин ду нафарро барои убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ ва хидмат ба унвони сарбози муздур ё зархарид дар ҳайати нирухои вобаста ба Ҷумъаи Намангонӣ, яке аз раҳбарони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон муттаҳам кардаанд. Мусаммир Уроқов, додраси Додгоҳи олӣ ва масъули муҳокимаи мазкур гуфт, ба ҳангоми таҳқиқи парванда иттиҳомоти эъломкарда алайҳи Муқит Воҳидов ва Рухнуддин Шаропов -зодагони шаҳри Исфара -воқеъ дар шимоли Тоҷикистон собит гардидааст.


Ба таъйиди ӯ, ин ду сокини ноҳияи Исфара дар ҳайати гурӯҳи Ҷумъаи Намангонӣ дар соли 2001 ба таври ғайриқонунӣ аз сарҳади Тоҷкистон вориди Афғонистон шудаанд. Баъдтар тавассути неруҳои Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори афғон боздошт шуда ва таслими Эътилофи неруҳои байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон мегарданд. Сарбозони амрикоӣ ин ду нафарро низ ба зиндони Гуантанамо ё тавре ки кӯтоҳ мегӯянд, "Гитмо"интиқол медиҳанд. Онҳо дар моҳи марти соли равон баъди раҳоӣ бо мусоидати Салиби сурхи байналмилалӣ ба ватан бозгардонида вале таҳвили неруҳои амниятии Тоҷикистон карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG