Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Узбакистон


Ҷониби Узбекистон хуб медонад, ки гунаҳдори асосии хушк шудани баҳри Арал чи дар гузашта ва чи имрӯз пеш аз ҳама худи онҳо мебошанд.

Зиёда аз 50 фоизи оби Сирдарё ва 43 фоизи оби дарёи Омуро маҳз Узбекистон бидуни меъёри муқарраршуда ғайрисарфакорона истифода мебарад. Аз 28 фоизи меъёри обе, ки Кумисюни байнулмилалии ҳамонҳангсозии хоҷагии об ба Тоҷикистон ҷудо намуда буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 12 фоизи онро истифода мебараду халос, пас сабаби кам шудани оби Арал на дар Тоҷикистон, балки дар худи Узбекистон мебошад.

Мо, тоҷикон, хеле мардуми хайрхоҳ ҳастем. Ҳамсоягонамон, ки мо ба онҳо аз обанборҳоямон об медиҳем, то онхо қувваи барқ истеҳсол намоянд ва заминҳои худро обёрӣ намоянд, аз мо барои дар дарёҳои худ сохтани нерӯгоҳҳои барк ҷубронпулӣ талаб менамоянд. Обанбори нерӯгоҳи барқии Фарҳоди Узбекистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон сохта шудааст, Тоҷикистон аз Узбекистон ҷубронпулӣ талаб намекунад. Туркманистон бошад барои истифодаи наҳрҳои Аму - Бухоро ва Қаршӣ, инчунин обанбории Туямуюн аз Узбекистон пул мегирад.

Ба фикри ман, яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти обию барқӣ дар минтака ин гуфтугузори кишварҳои ҳамсоя мебошад. Дар асоси ҳуҷҷатҳои байнулмилалӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин соҳа бояд роҳи адолатонаи ин мушкилотро ҷуст, на бо роҳи айбдор кардани якдигар.

Одил.
--------------------------------------

Мо дар ҷое қарор дорем, ки роҳи баромадамон ба ҷаҳон, танҳо тариқи Узбакситон аст. Ва ҳамчунин мо зимистон мӯҳтоҷи Узбакситон мегардем, ки ин низ он қадар хубие надорад. Ва барои Узбакситон баромадани мо аз ин мӯҳтоҷи маъқул нахоҳад шуд. Мо агар неругоҳҳои обии худро сохтем аз мӯҳтоҷии энергетикӣ хоҳем баромад. Ва, мумкин, ки каме ҳам бошад, Узбакситон аз мо мӯҳтоҷ шавад. Зеро заминҳои кишоварзии Узбакситон аз оби мо меошоманд. Ин ба Узбакситон на он қадар маъқул аст. Ва Узбакситон наметавонад чуноне, ки хоҳад, бо мо рафтор кунад. Барои ҳамин Узбакситон зидди ҳамагуна барномаҳои энергетикии мост.

Мо бояд дар аввал кушиш намоем, ки тоҷикони Узбакситон забони модарии худро гум накунанду худро узбак наноманд. То мо дар дохили Узбакситон пуштибоне дошта бошем, зеро дар дохили Тоҷикистон Узбакситон пуштибон дорад, аммо мо дар дохили Узбакистон касе надорем. Барои ин ба тоҷикони Узбакситон таҳсил дар Тоҷикистон бояд бепул бошад, то якгуна пиёдасозони сиёсати Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакситон бошанд. Ташаккур ба диққататон.

Тоҷики Ғариб
Яке аз аъзои
ҷунбиши фарҳангии "ТУРОН"
дар ш. Маскав

-------------------------------------
Салтанати И. Каримуф дар ҳоли фурӯпошист, зеро сиёсатҳои "ҳамсоягадосози" ин пирамарди хирасар осеби бештаре ба кишвари худаш ворид кардааст, то дигарон. Сиёсати "ҳамсоягадосоз" дар илми равобити байналмилалӣ навъи сиёсатеро мегӯянд, ки як кишвар бо истифода аз имконоти фаровоне, ки дорад ва бо дарки ин ки ҳамсояаш ё ҳамсоягонаш ба он сахт вобастагӣ доранд ва тамомии роҳҳояшон ба ҳамин кишвар мунтаҳӣ мешавад, дигар ба дарди сар додани онхо шурӯъ мекунад. Онҳоро дар муҳосира карор медиҳад, яъне ҳама роҳҳои бурунрафти онҳоро, ки аз ҳамин кишвар мегузаранд, мебандад ва имкони нафас кашидан ба онҳо намедиҳад.

Натиҷаи ин чӣ мешавад? Фикр мекунед, ки ин кишвар ё кишварҳои дар тангно қароргирифта аз гуруснагӣ мемиранд? Каримуф ҳамин гуна фикр мекард ва иштибох кард. Натиҷаи ин сиёсат он аст, ки чун ин кишварҳои дар тангно қароргирифта мебинанд, дигар роҳе надоранд, шурӯъ мекунанд ба ҷустуҷӯи роҳҳои тозаи бурунрафт. Ранҷи бисёре мекашанд, вале ин гуна роҳҳоро мисли муше, ки нақб меканад, пайдо мекунанд, то аз вобастагии ин девҳамсоя раҳо шаванд. Дар натиҷа ин роҳҳо пайдо мешавад ва кишваре, ки дигаронро дар тангно қарор дод, худ дар инзивои худсохта мадфун мешавад. Ин кишвар бо аз даст додани ҳамсоягони вобастаи худ бозори аслии худро аз даст медиҳад ё худ дигар ба унвони бозори аслӣ барои он кишварҳо бенамак ва камнур мешавад ва асароти сиёсати ҳамсоягадокун бозпас мегардад.

Бештари кишварҳои урупои аз ҳамин гуна сиёсати содалавҳона дар даврони таназззул (Depression) кор гирифтанд ва диданд, ки суде надод, баночор дарёфтанд, ки пешрафти устувор дар ҳамбастагии ҷахонист ва рӯ ба иттиход оварданд. Ҳар яке аз онҳо мехостанд, ки аз ҳама ҷиҳат худкифо бошанд ва ба ҳамсояи худ вобаста набошанд, дар натиҷа моли Фаронса ба дасти инглисҳо нарасид ва дар анборҳо пусид, колои инглисиро низ фаронсавиҳо нахариданд ва нодаркор шуд, олмониҳо низ аз чизҳое ки ба ин ду медоданду мегирифтанд, маҳрум шуданд ва худ ҳам натавонистанд, чизе тавлид кунанд, ки ҷои воридоти қаблиро бигирад. Назми бозор вайрон шуд ва ҳамаи кишварҳо осеб диданд. Зеро воқеъият ин буд, ки ин миллатҳо ҳар кадом дар яке аз арсаҳо маҳорати тамом дошт ва дар арсаи дигар миллати дигари забардасттар буд ва иваз кардани колоҳои арсаҳои мухталиф барои онҳо судмандтар меуфтод, нисбат ба ин ки ҳар кадоме аз инҳо ҳамакора шаванд.

Яке аз сабабҳои пешрафти санъати киштиронӣ дар Урупо ва фатҳи заминҳои нав ва пешрафти сармоядорӣ дар Урупо дар понсад соли ахир низ ба сиёсати салтанати Усмонӣ бармегардад, ки тамомии роҳҳои Урупо ба Шарқро баст ва онҳо ночор шуданд, роҳи дигаре ба Ҳиндустон биҷӯянд ва дар натиҷа заминҳои тозаро фатҳ ва забт карданд. Дар ҳоле ки Усмонӣ ва тамомии кишварҳои мусалмони худ дар инзиво монданд ва то имрӯз ба худ наомадаанд.

Акнун тайи понздаҳ соли ахир ин пирамарди ҳамсоя ҳам, ки гумон мекунад, "гурги борондида" аст, талош мекард Тоҷикистонро дар қапқоне бигирад ва дар даҳони ғор камин гирифта буд, вале Тоҷикистон монанди муш аз роҳи дигар нақбе канд ва берун омад ва ба ҳоли он гурбаи камингирифта қаҳ-қаҳ зад. Яъне сиёсати ҳамсоягадосози Каримуф фоидааш ин буд, ки Тоҷикистон аз баҳри ҳама чиз гузашт ва тунеле канд ки шимол ва ҷанубро дар муддати кӯтоҳ (боварнакарданӣ) ба ҳам пайваст. Дигар убур аз тариқи Узбакистон аслан лозим нест. Аз сӯи дигар Тоҷикистон ночор шуд роҳҳоро ба Чин ва Қирғизистон ва Афғонистон боз кунад ва ба шарофати сиёсатҳои ҳамсоягадосози Каримуф фардо агар Узбакистон роҳҳоро кушояд ва тавалло ҳам кунад, ба болояш пул бипардозад ҳам, Тоҷикистон аз онҷо нахоҳад рафт. Зеро ин кишвар дигар "роҳбаста" нест. Ба воруни ин Узбакистон аз чанд лиҳоз дар понздаҳ соли гузашта осеб дид. Аз муштариёни аслии бозорҳои Самарқанд, ки мардуми водии Зарафшон буданд, маҳрум шуд, ҳоло бозорҳои Самарканд холӣ ва бештари сокинонаш ба Русия муҳоҷират кардаанд. Вилоятҳои ҷанубии Узбакистон, Сурхондарё ва Деҳнав... бештари колоҳоро аз Душанбе мебурданд, ҳоло аз роҳи дароз аз Тошканд меоранд махориҷаш гаронтар аст, фақр дар ин манотиқ бағоят густариш ёфтааст. Маҳсулоти кишоварзии онҳо, ки ба Душанбе меомад, имруз дар анборҳо ё дар сари заминҳошон мепӯсад. Қисматҳои Фарғона ва ғарби Узбакистон аз тариқи вилояти Суғди Тоҷикистон беҳтар ва осонтар бо ҳам робита доштанд, ин равобит гусаста ва дар чанд соли ахир ин манотиқ аз ҳам канда шудаанд. Агарчи Тоҷикистон дар оғози 1990 хеле пароканда ва маҳалгароӣ дар он дар авҷ буд, ҳоло ин махалҳо ба ҳам омадаанд, вале Узбакистон бо чунин мушкиле тоза рӯбарӯ шудааст. Барои аз шарқи Узбакистон ба ғарби он рафтан, мардумаш ночоранд аз Қазоқистон убур кунанд. Пайвандҳои ҷанубу шимоли он ҳам чандон осон нест ва гоҳо аз тариқи Туркманистон мегузарад. Гузашта аз ин ин кишвари бузург, ҷамъияти бағоят зиёд дорад, вале манобеъи гуногуни табиӣ надорад, газ ва нефт ба мардумаш чизе намедиҳад, танҳо кисаи давлат ва фасодкорон пур мешавад. Ин кишвар тавоноии инсонии чандон қавие надорад, як идда пурхӯр, ки имрӯз аз дасташон чизе намеояд, дурӯғ ва риёкорӣ аз замони Шуравӣ бахше аз фарҳанги ин кишвар буд. Ҳоло ҷамъияти зиёд ва танаввуи қавмӣ ва ҷугрофиёи номуносиб пояҳои салтатани "гурги борондида"-ро бо хатари фурӯрезӣ рӯбарӯ кардааст. Агар ихтилофе дар ин кишвар воқеъ шавад, монанди Афғонистон ба зудӣ ҳал нахоҳад шуд ва онгоҳ Точикистон ночор хоҳад буд марзҳои ғарбию шимолияшро барои ҷилавгири аз вуруди гуруҳҳои ҷиноӣ ва рохзану мусаллаҳ тақвият кунад, албатта Тоҷикистон ҳеч гоҳ марзҳояшро мин намегузорад.

Faramarz
--------------------------------------
Cалом
Aввал биёед фаромӯш накунем, ки ҳукумати феълиро дар Tоҷикистон маҳз Узбекистон ба сари қудрат овард, маҳз бо кумаки Узбекистон оқои Раҳмон сари қудрат омад.

Дуввум ин аст ки тарҳи энергетекии Тоҷикистон бар зарари манфиатҳои миллии Узбекистон аст.

Бо эҳтиром
Mақсут
--------------------------------------
Аз имконият истифода кард, мо бояд сад дарсад бо Амрико ва Аврупо корҳои худро барем. Барои Русия Тоҷикистон ҳеч чиз нест, чунки мо аллакай як дастамонро ба русҳо додаем, зиёда аз миллион тоҷик нони худро аз ҷон меёбанд.
Барои он ки нирӯгоҳҳои худро созем, ҳукумати мо бояд масъалаи сарҳади минкоришудаи байни Узбакистон ва Тоҷикистонро ба саҳнаи ҷаҳонӣ бардорад.

Киропол
--------------------------------------
Мухолифати Узбакистон ба барномаҳои оби Тоҷикистон як чизи табиӣ аст ва он пушти сарои худ ҳимояти Қазоқистон ва Туркманистонро низ дорад, ки бо барномаи оби Тоҷикистон муходифанд. Чун онҳо эҳсос мекунанд, ки бо сохтани нирӯгоҳҳои бузург Тоҷикистон тавони маҳор намудани онҳор дорад ва албатта, ҳадси онҳо баҷост. Чун имрӯз мо шоҳиди садбандиҳои Туркия ба рӯи рӯдхонаҳо ҳастем, ки обро ба Исроилу Сурия ва ҳатто Ироқ мехоҳад фурӯшад. Ва Узбакистон ҳам аз тарси онки рӯзе ба ин ҳол рӯбарӯ мешавад, мухолифат мекунад. Ба ин тартиб об абзори фишор ба Узбакистон шуда метавонад ва Тошкандро ба зону менишонад. Чунончи солҳост Узбакистон бо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон ва бастани роҳи оҳану роҳҳои заминӣ ба Тоҷикистон фишор меорад.

Ба назари ман ҳукумати Тоҷикистон то замоне ки ба озодии комили матбуот ва беҳтарину озодтарин интихобот ва ҳам саркӯб кардани корруптсия муваффақ нашавад, ба ҳеч пешрафте ноил нахоҳад гашт.

Агар корруптсия ва фасод домангири ҳукумат ва идоарҳои давлатӣ набошанд ва ҳукумат битавонад, эътимоди мардумро ҷалб кунад ва бо ҷалби сармояҳои дохилӣ ба бунёди нирӯгоҳҳои кучак худ метавонад, нирӯи барқи мавриди масрафи мардумро таъмин намуда, заминҳои лалмиро бо об таъмин кунад ва пеши роҳи селҳои бузургро, ки солона хисороти калоне ба кишвар ворид мекунанд, бигирад.

Роҳи дуввуми ҳал пайдо кардани забон бо кивашри ҳамсоя аст. Онҳоро розӣ кардан ё мутақоид сохтан аст, ки Тоҷикистон ҳаргиз аз об ба ҳайси аҳроми фишор ба кишварҳои поёноб истифода намекунад.

Замоне ки мардуми кишвар солҳост ки барқро фаромӯш кардаанд, чист ва зимистони сардро бо чубу тапак сипарӣ мекунанд ва мебинанд, ки ҳуукуматашон ба онҳо бетафовут аст, чи гуна ин миллат аз ҳукумати худ пуштибонӣ хоҳад кард? Шояд Узбакистон ин ҳақиқатро ҳам медонад.

Мутаассифона, кишвари мо на сиёсати хориҷии фаъол доштааст дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва на дипломатияи муваффақ дар ҳеч заминае. Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар дигар кишварҳо мекушанд, мезананд, беҳурматӣ мекунанд, вале ҳеч гоҳ ҳукумат аз онҳо пуштибонӣ намекунад. Кишварҳои ҳамсоя кишварҳои ба Тоҷикистон сармоягузорро аз роҳ мунҳариф мекунанд, боз ҳам -- сукут!

Барои онки ин ҳукумат на пуштибонии мардумӣ дорад ва на пуштибонии қудратҳои бузургро. Аз сӯи дигар мушкили мо дохилист. Сохтмони Роғун барои ҳукумат муҳим нест, аммо Сангтӯда муҳим аст, зеро он дар вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Вақте ки раҳбарони мо дар барномаҳои бузурги миллӣ бо шуури маҳалгаро амал мекунанд, мо аз Узбакистон бояд чи интизориҳое дошта бошем?

Бо эҳтиром
Суҳайл аз Сари Хосор
--------------------------------------
Сабаби мухолифати Узбакистон ба барномаҳои инержии Тоҷикистон ҳусумати дерина ва таърихист ва ҳам нокомии сиёсатҳои дохилию хориҷии Тоҷикистон ва инчунин бозиҳои геополитикии қудратҳои минтақа. Бешак, дар Осиёи марказӣ кашокаш сари об аз замони ба истиқлол расидани кишварҳои собиқ шӯравӣ сар шудаасту дақиқтараш ҳатто аз ҳамон замони шуравӣ онҳо бо ҳар роҳ монеъ аз сохтани ниругоҳи Норак шуданд, ки сохта шуд ва ҳамчунин нерӯгоҳи Роғун.

Биноан кишвар ва дипломатияи Тоҷикистон бояд ҳунари хешро намоиш диҳанд, ки ҳунари инро доранд, ки ҳам барномаҳои хешро пеш баранду ҳам ҳасмоягонро розӣ нигаҳ доранд. Шаке нест, ки сиёсати хориҷии Узбакистон дар ноком мондани Тоҷикистон фаъол будааст ва ин ҳунари дипломатия аст, ки барои манофеи кишвари худаш шуда кишварҳои дигарро ки ҳозир буданд, ба барномаҳои гидроэенергетикаи Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, аз роҳ зад.

Ваъдаи 2 миллиард сармоягузории Русия чи шуд? Чаро иҷро нашуд? Ягон кас аз ҳуукмати Тоҷикистон барои ин ҷавобгар аст?
Чаро барои нокомии барномаҳои сармоягузории Чин ва Туркия дар Тоҷикистон касе ҷавобгар нест?

Фирк мекунам, мушкили бунёдӣ ин аст, ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии Тоҷикистон дар бӯҳрон қарор доранд ва як сабабш ин аст, ки дар ҳоли беҳунарии дипломатияи Тоҷикистон бетаваҷҷӯҳии ҳукумат ба хостҳои аҳзоби сиёсӣ ва мардуми кишвар аст. Инҳо ба ҷои он ки иттиҳоди миллӣ эҷод кунанд, то пуштибонии қавии мардумро дошта бошанд, баракс якҷониба ва яккатозона амал мекунанд.

Хушбахтию бадбахтии ҳар миллат нахуст дар дасти худаш аст ва барои нокомиҳо набояд дигаронро айбдор донист.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш биинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Миллати мо феълан аз кӯдаки гаҳвора то пирмаради ришсафедаш ғуломи Русия аст ва барои русҳову қазоқҳо кишт мекунад. Пас ҳар кӣ гандум кошт гандум дараваду ҳар кӣ ҷав кошт, ҷав. Ин ҳама ҳайкалҳои заррину тоҷу ифтихор ва ё даъвоҳои вориси Фирдавсию Сино, Ҳайёму Ҳофизу Аттору Носири Хусраву Исмоили Сомонӣ дорему вале чаро ин миллат монанди он бузургонаш донишманду ҳакиму сарвар нест?

Қурбон
шаҳри Ваҳдат
--------------------------------------
Тоҷикону ўзбекон, Тоҷикистону Ўзбекистонро тақдир якҷоя, ҳамсоя кардааст. Аз ин роҳи гурез нест. Ба андешаи ман, ки як зиёии тоҷик ҳастам, рў тофтани Ўзбекистон аз Тоҷикистон бар зарари ҳар ду давлат, пеш аз ҳама худи Ўзбекистон аст. Ўзбекистон (дурусттараш Ислом Каримов) кӯшиш мекунад, ки Тоҷикистон пеш наравад. Дар мамлакаташ расонаҳои хабарии давлатӣ зидди Тоҷикистон таблиғоту ташвиқот мебаранд, гўё ҳоло ҳам дар ин ҷо нооромӣ бошаду зиддият. Гарчанде, худоро шукр, аз Ўзбекистон ҳам ин ҷо омада кор мекунанд, мехонанд. Ҳама тинҷ, ором. Шояд пешрафти Тоҷикистон Каримовро тарсондааст, хусусан бо барномаи энергетикиаш.

Пеш ҳам нерўгоҳҳо буданд, фоидаи обанборҳои Қайроққуму Норакро дар мавсими обдиҳӣ Ўзбекистон мебинад. Дар Зарафшон ҳам агар нерўгоҳ созанд, ба фоидаи кишвари ҳамсоя мешавад. Ба ҷои Ўзбекистон давлати дигар мебуд, худаш дар Тоҷикистон нерўгоҳ месохт, корхонаҳо бунёд мекард.

Ба ҷои ин сарҳадро мустаҳкам кард, мина хобонд. Воқеан, дар ҳамон минаҳои хобондагиашон ягон террорист натаркид. Қурбониҳо аз ду тараф фақат одамони бечора ва чорвои онҳо.

Насими Гулзод,
Душанбе.
--------------------------------------
Ба назари банда мухолифати ошкорои Узбакистон ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба даъвои таърихӣ бастагӣ дорад. Агар ин лоиҳаҳои Тоҷикистон пурра амалӣ мешуданд, кишвари мо ба як қудрати энержӣ дар минтақа табдил меёфт. Пас аз итсиқлолият Тоҷикистон ба асаолати миллӣ рӯй овард. Таъриху маданияти халқи мо ки ба сарзамини имрӯзаи Узбакистон сахт вобастагӣ дорад, албатта ин ба ҳамсояи мо намефорад. Ҷашнгирии 1100 солагии давлати Сомониён ва дигар ҷашнвораҳои таърихӣ ба ҳамсоя хуш намеомад.

Мухолифат ошкороро аслан миёни Узбакистону Тоҷикистон журналистон ва гурӯҳе аз олимон андохтанд. Ин ҳам баҳси сарзамини аждодии тоҷикон, Самарқанду Бухоро буд,ки замони Шӯравӣ ба Узбакистон дода шуд. Кишвари ҳамсоя нағз медонист, ки агар Тоҷикистон қудрат пайдо кунад, онгоҳ даъвои марзию худудӣ, ки сурхҳо ноадолатона ба амал оварда буданд, ба созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод хоҳад кард. Даъвои марзию ҳудудӣ ба Русия низ хуш намеомад, зеро зертобеъони ӯ низ аз Тоҷикистон ибрат гирифта. метавонистанд чунин даъво пеш оранд.

Хулоса ҳама мухолифат сари ин масъала мебошад. Дигар он ки 25 шабакаи родиои Узбакистон давоми як шабонарӯз таблиғ кардаанд,ки агар неругохҳои барқи обии Тоҷикистон бунёд гардад ва дар ҳолати садама метавонад нисфи хоки онҳоро шуяд, ба ҷуз сафсатта ва гурез аз ҳақиқат чизи дигаре нест. Ҳақиқат талх аст, аммо Русия Тоҷикистонро ба хотири манфиатҳои Узбакистон ба як дирам хоҳад фурӯхт. Аз ин рӯ мо мачбурем бо Узбакистон бо ҳар роҳе ки бошад,созиш кунем,зеро миллати узбак ва тоҷик пайвандҳои таърихие доранд, ки кушиши гусастани онҳо хатари сахт ба дунбол дорад.

PS: Ба бародарони узбак сахт нарасад, ки онҳоро узбек неву узбак мегуем. Хар халку миллатро дигар кавм номгузори мекунанд. Масалан,неметсҳоро русҳо гунг гуфтанд. ё моро арабҳо аҷам (гунг) ва ё форсхо кореягихоро аз сабаби чашмтанги курҳо номгузорӣ карданд. Ва узбакҳоро низ мо форсҳо номгузорӣ кардаем ва вожаи узбек узбак дигар маъно дорад,на ин ки узум-худум,бек ҳоким. Узбак ва узбек дигар маъно доранд, ки инҳоро метавонед аз фарҳангномаҳои форсию тоҷикӣ ҷустучӯ кунед.

Мӯъмин,
Кӯлоб (paik-oshno@rambler.ru)
--------------------------------------
Салом ба ҳама иштирокчиёни Майдони баҳс
Фикри ман дар ин масъала чунин аст ки душмани асосӣ ва хатири Ватани азизамон ин Узбакистон аст агар не пас чаро хоинони миллати тоҷикро дар Узбакистон пуштибонӣ мекунанд? Вақто ки душманаст пас дар ҳақиқат намехоҳад ки мо мардуми сарбаланди тоҷик қомати худро рост кунем бале бисёр мушкил аст барои душман гоҳе ки мебинад мо роҳи Хитойро боз кардем ва ҳар пешравие ки мекунем ин як тирест бар синаи ҳукумати Каримов.

Аминҷон
--------------------------------------
Салом.
Ин ҳамсоягони мо ҳеч гоҳ моро дар амон нахоҳанд гузошт. Зеро аз гуноҳҳои қаблии хулд мешарманд ва метарсанд. Онҳо дар Узбакистон бо дурӯғҳо 14 миллион тоҷикро ба узбак табдил доданд ва ин мардумро аз ҳама ҳуқуқҳо маҳрум кардаанд, ҳарос доранд, ки Тоҷикистон қавӣ ва баробарвазну пешрафта аз онҳо ҷавоби ин ҷиноятҳоро талаб хоҳад кард. Аз ин рӯ онҳо мехоҳанд, Тоҷикистон заъфи ва бечора боқӣ бимонад ва зидди онҳо садое баланд карда натавонад.

Раҳбари Узбакистон аз баста шудани пеши роҳи об дар Тоҷикистон нигарону беқарор аст, вале худ ҳар вақте ки хост, роҳи газро ба Тоҷикистон мебандад, рафтуои мусофирони Тоҷикистонро дар роҳи оҳан ба садҳо мушкил гирифтор кардааст ва ғайра. Магар он касе ки талабу даъвои ҳамсоягии нек мекунад, худ набояд аввал намунаи нек нишон бидиҳад?

Вале худо меҳрубон аст ва як рӯз дар кӯчаи мо ҳам ид мешавад. Барои ин бояд аз таҳти дил кор кард ва кишвари худро тараққӣ дод. Биноан онҳое ки даст ба фасоду ришват ва беадолатиҳо мезананд дар ин раванд аз хоинҳои миллӣ ба шумор мераванд.

Абдулло Маҳмуд,
нафақахӯри дар интизори
бунёди нирӯгоҳҳои нави барқи обӣ
--------------------------------------
Ҳама гап сари мавқеи Русия аст. Агар ин кишвар хоҳад, ки байни Тоҷикистон ва Узбекистон муносибати мӯътадил бошад, бояд чунин воқеият ба амал ояд. Чаро ки аслан имрӯз ҳарду ин ҳамсоякишвархо ру ҷониби Русия доранд.
Модом ки чунин аст, пас чаро оромии хонадон аз падар вобаста нест?
Таги коса нимкоса!!!

Иван Грозний
--------------------------------------
Геоэкономика ва геополитикаи кишварҳое чун Тоҷикистон ва Узбакистон, зери "фишор"-и сармоягузорон ва абаркудратҳое мисоли Иёлоти Муттаҳида ва Русия, Осиеи Миёнаро мубталои "табларзае" гардонидааст.
ИМА баъди "нокомияш" дар Узбакистон, бо ҳама роҳу тарз мехохад қасосашро аз оқои Каримов бигирад. Дар ин зимн Пентагон "маҳбубияташро" нисбати Душанбе изҳор медорад, ки мақоли русии "медвежья услуга"-ро ба хотир меорад.

Дар асл ИМА бисер ҳам намехоҳад аз Осиеи Миена ноком"берун" шавад. Нисбати "равобити" Тоҷикистону Узбакистон инро гуфтаниям,ки хусумати деринаи, на ду кишвар, балки Раҳмон ва Каримов, авзои сиесӣ ва иқтисодии ин ду кишвари бо ҳам наздик аз ҳама лиҳозро, дар ҳоли хело хам ногуворе мондааст.

Рохи ҳалли мушкилро ман дар, дигарсозии ин ду "режим" мебинам!

Кова
--------------------------------------
Ҳамватани гиромӣ, Узбакистон баҳои таърихӣ дорад ва ҳеч гоҳ пешрафт ва зиндагии хуби тоҷиконро хоҳон нестанд.сохторҳои рамии Узбакистон.
То он даме ки Бухорою Самарқанд ва водии Фарғона вуҷуд дорад ихтилофи марзу буми дур нест.
Аммо сиёсати имрузи давлати мо дар ҳалли масоилхои глобалии ҷахони берун моро қаноатманд намесозад.
Чунки иштибоҳҳои сиёсатдонии роҳбарони давлатии мо. обрую нуфузи кишвари моро паст карда истодааст.
Чаро!

1.Каримов дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ имрӯза сарварони моро ба сари қудрат оварда буд. Пас турфа шогирде ки дар ҳайрат кунад устодро....
2.Вақт нишон дод, ки дар тули 16- соли истиқлол ба ҷои бехбуди вазъи иҷтимоии ва иқтисодии мардум бадтар шуд ки беҳ не.
3. Ин шукӯҳу хонсозию ҳотелсозиҳо маънои онро надорад,ки рӯзи мардум беҳ аст.Дар рустою устонҳои Тоҷикистон барои кутти лоямут аз 15 то 55-сола мардум дар мухоҷирати меҳнати аст, ки бо Ханҷари Русҳо ба қатл мерасанд.Ва эътирози давлати моро ҳам касе ба эътибор намегмрад.

Ягона роҳи халосӣ стратегияи давлатро бояд рушан ва дар ҳамчаворӣ бояд сохт. Беҳтараш интихоботи карибулвуқӯи парлумон ва президентро ба таври оҷил гузаронд.

Аз худо хоҳонам ки Тоҷикистони азиз сарварони воқеии хешро пайдо кунад.

Бо камоли эҳтиром
Шаббода
--------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG