Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти нав дар Тора-Бораи Афғонистон


Сарбозони ИМА ва Афғонистон дар минтақаи Тора-Бораи Афғонистон як амалиёти заминӣ бар зидди Ал-Қоидаро оғоз намуданд. Ба қавли мақомоти афғон, феълан ҳудуди 250 оилаи афғон аз манозили ба макони амалиёт наздики худ фирор кардааст.


Маҷмаъи зеризаминии ғорҳо дар ин минтақаи кӯҳии ҳаммарзи Покистон ҳамчун охирин паноҳгоҳи раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин маъруф мебошад. Гуфта мешавад, дар охирҳои соли 2001-ум дар мавзеъи Тора-Бора низомиёни амрикоӣ амалиёти боздошти Усома бин Лодинро раҳандозӣ намуданд, вале қабл аз он раҳбари Ал-Қоида минтақаро тарк карда буд.


Дар ҳамин ҳол, низомиёни ИМА мегӯянд, ки онҳо истеҳкомҳои ҷангҷӯёнро ҳадаф қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG