Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори Раҳмон ва Аҳмадинажод дар Бишкек


Дар осоишгоҳи ҳукуматии канори пойтахти Қирғизистон нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай ба поён расид. Раҳбарони Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва аз номи кишварҳояшон ӯҳдадор шуданд, ки баҳри рушд ва содироти захираҳои энергетикӣ ҳамкорӣ роҳандозӣ намуда, кӯшишҳои таҳкими амниятро тавсеа бахшанд.

Дар ҳошияи мулоқоти Бишкек президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод масоили густариши муносибатҳои ду кишвар ва татбиқи амалии санадҳои мавҷудаи ҳамкории миёни ду кишварро баррасӣ кард. Дар сӯҳбати раҳбарони ду кишвар омодагӣ ба оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда-2", нақби мошингарди Чормағзак ва ҳамкориҳои муфид дар арсаҳои марзбонӣ, иттилоотӣ ва самтҳои дигар ҳамчун нишонаи рушди муносибатҳои дӯстона маънидод гашт.

Дар робита ба инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки мулоқоти навбатии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон барпо шавад. Ҷаноби Раҳмон ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масоили барномаи ҳаставии Эрон ва ба узвияти комили Созмони ҳамкории Шонҳай қабул шудани ин кишвар таъкид намуд.
XS
SM
MD
LG