Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон - дар радифи 60 кишвари ақибмонда


Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои ноком, Узбакистон Қирғизистон, Туркманистон, Гурҷистон ва Молдова низ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сайфулло Сафаров, ноиби раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ, ҳарчанд бо хулосабарориҳои созмони амрикоии Бунёди сулҳ мувофиқ набудааст, мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон тӯли чанд соли ахир сатҳи камбизоатиро ба 30 дарсад коҳиш додааст. Вай муътақид аст, ки дар Тоҷикистон рушди нобаробари иқтисодӣ мушоҳида намешавад ва шикофи назаррасе миёни қишри сарватмандон ва камбизоатон низ вуҷуд надорад: «То кадом дараҷа тадқиқоте, ки анҷом дода шудааст, ба воқеият наздик аст, барои мо норавшан боқӣ мемонад. Аз ин рӯ метавонем, ки бо натиҷагириҳои ин созмон розӣ нашавем. Таъкид мекунам, ки Тоҷикистон дар ҳоли гузариш қарор дорад ва дар чунин ҳолат ҳатман як табақа бой ва табақаи дигар камбизоат мемонад. Баръакс, дар ин хел мавридҳо камбизоатон аз бойҳо ҷудо мешаванд. Комёбии чанд соли ахири ҳукумати Тоҷикистон дар он буд, ки тавонист сатҳи камбизоатиро як андоза поён бубарад».

Вале Сайфулло Сафаров мавҷудияти фишори демографиро, ки як рамзшохиси пажӯҳиши Бунёди сулҳ низ ҳаст, такзиб накард. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳое мебошад, ки мизони таваллуд зиёд ва ҷавонон имкони дарёфти ҷои кори муносибро надоранд. Гузашта аз ин, як гурӯҳи бузурги аҳолӣ барои дарёфти кор ба Русия ё кишварҳои дигари ҳамсоя муҳоҷират мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Абдусамад Султонов, як ҳуқуқдони тоҷик, бо натоиҷи тадқиқоти ин муассисаи амрикоӣ мувофиқ будааст. Вай бар ин назар аст, ки созмонҳои хориҷӣ аксаран пажӯҳишҳои воқеъиро анҷом медиҳанд, яъне ба ҳангоми баҳо додан хотирбинӣ намекунанд. Ба таъкиди оқои Султонов, нақзи ҳуқуқи инсон мушкили умдаи сокинони Тоҷикистон будааст. Аз ин рӯ,ба ақидаи вай, кишвар ба ҳангоми тадқиқоти «Foreign Affairs» дар мавриди рамзшохиси нақзи ҳуқуқи инсон имтиёзи камтареро соҳиб шудааст: «Дарвоқеъ, мушкили поймолшавии ҳуқуқи инсон хеле зиёд аст. Агар мо ба раванди имрӯза нигарем, Тоҷикистон як кишвари ноком аст, зеро барномаҳои иқтисодиву ҳуқуқии худро то ҳол ба анҷом нарасонидааст. Умуман, ягон барномаи ҳукумати Тоҷикистон боъиси пешравии кишвар ва ба натиҷаҳои хуб ноил гардидани он нашудааст. Ин тадқиқот бояд вокунише бошад, ки нисбат ба тақдири барномаҳо ва дар ҳалли мушкили сокинони кишвар бетарафӣ зоҳир накунем».

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик, низ нишондодҳои сохтори давлатии Тоҷикистонро бо тадқиқоти муассисаи пажӯҳишии Бунёди сулҳ муқоиса мекунад ва ба ин бовар аст, ки ҳанӯз ҳам кишвар гирифтори буҳрони сиёсиву иқтисодӣ мебошад: «Агар ба маълумоти расмии оморӣ таваҷҷуҳ кунем, нишондиҳандаҳо хеле хубу беҳамтоянд. Аммо ба фаъолияту кору зиндагии ҳамарӯзаи мардум назар карда, онро бо нишондиҳандаҳои расмӣ қиёс намоем, хоҳем дид, ки он аз воқеият хеле дур аст. Дувум, шумораи муҳоҷирони корӣ рӯз то рӯз кам нашуда, баръакс зиёд мешаванд. Ин шаҳодати самарабахш набудани ислоҳоти, ба истилоҳ, иқтисодии ҳукумат аст».

Ин барои аввалин бор нест, ки созмонҳои маъруфи байнулмилалӣ Тоҷикистонро ба унвони кишвари қафомондаи дунё ном мебаранд, ҳарчанд мақомоти расмии кишвар мегӯянд, ки солҳои ахир Тоҷикистон дар роҳи таъмини амният ва иҷтимоиёту иқтисод ба пешрафтҳои назаррасе даст ёфтааст.
XS
SM
MD
LG