Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи марзбони Узбакистон ба шаҳрванди тоҷик


шаҳри Хуҷанд Ба гуфтаи масъулини Ситоди марзбонии Суғд, ахиран як шаҳрванди Тоҷикистон аз тири марзбони Узбакистон дар гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод -- Ойбек, 70-килoметрии шимоли Хуҷанд, захмӣ шудааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ҳодиса замоне рух дод, ки сокини ноҳияи Масчо -- Шариф Ризоеви 27-сола мехост, марзи Узбакистонро убур кунад ва миёни ӯву марзбонони ин давлат муноқиша даргирифт. Як марзбони узбак ба сӯи шаҳрванди Тоҷикистон аз силоҳи мусалсали Калашников тир кушода, ӯро аз пой захмӣ кард.

Дар ҳоли ҳозир маҷрӯҳ Ризоев дар беморхонаи марказии ноҳияи Масчо бистарӣ аст. Имсол ҳадди ақал мартабаи дуюм аст, ки марзбонони Узбакистон дар манотиқи марзӣ шаҳрвандони минтақаи шимолии Тоҷикистонро ҳадафи тир қарор медиҳанд. Дар моҳи марти соли равон як сокини ноҳияи Ашт, Мирзовалӣ Ҷӯраев ҳангоми чарои ҳайвоноти хонагӣ қадам ба марзи Узбакистон гузошт ва аз тири марзбони узбак кушта шуд.

Ба навбати худ, марзбонони тоҷик моҳе баъд дар ҳамин минтақа ба сӯи ду шаҳрванди Узбакистон, сокинони вилояти Фарғона дар зимни убури марз тир кушода, якеро аз пой захмӣ ва дуввумиро боздошт карданд.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, марзбонони Узбакистону Тоҷикистон дар хатти марз бидуни огоҳӣ ва таҳқиқ ба сӯи шаҳрвандони оддиву бесилоҳ ва гоҳе раҳгумкардаву ба ёрӣ муҳтоҷи якдигар аз силоҳ оташ кушодаанд. Ва ин дар ҳолест, ки созишномаи миёни Тоҷикистону Узбакистон ба сокинони манотиқи наздимарзии ин ду давлат иҷозаи убури бидуни раводид ба қаламрави ҳамдигар ва будубош дар муддати то панҷ шабонарӯзро додааст.

Коршиносони маҳаллӣ сабаби афзудани ин гуна ҳолатҳои маргбор дар марзи муштараки байни Тоҷикистону Узбакистонро ба тира шудани муносибати байни ин ду давлат ва беэҳтиромии ин давлатҳо ба ҳуқуқҳои шаҳрвандони якдигар иртибот медиҳанд. Коршинос Ҷӯра Юсуфӣ: "Ба назари ман, ин ҳодисаҳо ангезаи сиёсӣ дорад. Вақте ки дар ҳузури ом як шаҳрванди кишвари дигарро силаҳдорони кишвари ҳамсоя мепарронанд, ин бисёр ҳодисаи нанговар аст. Ҳатто дар доғтарин нуқоти сайёра, чи дар Фаластин, чи дар Ироқ, чи дар Афғонистон ингуна нест ва бояд барои ҳар куштор ҷавобгарӣ бошад."

Ба маълумоти манобеъи расмии Тоҷикистон, дар давоми беш аз як соли ахир ҳафт шаҳрванди ин кишвар ва тақрибан ҳамин теъдод шаҳрванди Узбакистон дар хатти марз аз ҷониби сарҳадбонони ҳар ду давлат кушта ва захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG