Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти яке аз қотилони эҳтимолии Олимпур


Имрӯз дар шаҳри Душанбе як гумонбари дар қатли журналисти машҳури тоҷик Муҳиддини Олимпур дар соли 1995 дастдошта боздошт гардид.


Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар пойтахти Тоҷикистон дар пайи амалиёти махсусе Аслан Усмонов, як сокини 28-солаи ноҳияи Ваҳдат, ки дар қатли Муҳиддини Олимпур, журналист, аккос ва наворбардору хабарнигори саршиноси тоҷик, муҷрим шинохта мешавад, дастгир шудааст.


Гуфта мешавад, боздоштшудаи муттаҳам дар қатли Олимпур дар замони ҷанги шаҳрвандии ахири Тоҷикистон ба гурӯҳи Нозим Юнусов, машҳур ба «Эшони Нозим», шомил будааст. Ба иқрори қаблии худи А. Усмонов, ӯ бо аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор Аҳтам Тоҳиров (дар июли соли 2003 бо қарори Додгоҳи олии кишвар ба муҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудааст), Насруло Шарифов ва Муртазо Ҳамидов (қисматашон маълум нест) дар куштори Муҳиддини Олимпур ҳамдаст будааст.


Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон беш аз 70 нафар журналистон ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG