Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи Суғд - барандаи ҷоизаи Абдулло Муродов


Ин даста дар мусобиқаи ҷумҳуриявии баскетболи наврасони то 17-сола, ки дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе бо ширкати шаш даста аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор шуд, бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, ҷойи аввалро касб кард.

Дастаи Душанбе-1 дар ҷойи дуввум ва тими мунтахаби шаҳру навоҳии тобеъи марказ дар ҷойи севвум қарор гирифтанд.

Довари ин мусобиқа Вилла Очилдиев, сармураббии дастаи мунтахаби мардонаи баскетболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа, ки анъанавӣ гашта, барои панҷумин бор баргузор шуд, ба рушди баскетбол дар кишвар, дарёфти бозигарони моҳиру умедбахш ва ба дастаи мунтахаби мамлакат ҷалб кардани онҳо мусоидат хоҳад кард.»

Ҷоми ФФТ

Ду бозии даври шашуми Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» баргузор шуд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар тими мизбон CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода низ дар меҳмонӣ бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карданд.

Бад-ин тартиб «Вахш» бо 15 имтиёз аз 6 бозӣ дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 13 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. CSKA «Помир» бо 6 имтиёз аз 6 дидор зинаи севвумро касб кардааст.

Дастаи «ХИМА»-и Душанбе, ки дар ҳамаи панҷ дидори худ пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 15 имтиёз дар гурӯҳи «Б» пешсаф мебошад. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо 6 имтиёзӣ ва бо назардошти таносуби тӯбҳо мувофиқан дар зинаҳои дуввуму севвум ҷойгир шудаанд. Вале дастаи «Парвоз» як бозӣ камтар анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG