Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили 4 духтарчаро чи ҷазое интизор аст?


Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ Шералӣ Эргашевро ба гумони қатли як духтари ноболиғ дар шаҳри Душанбе боздошт карданд ва баъдан равшан гардид, ки ӯ ҳамзамон дар қатли се ноболиғи дигар ва таҷовуз ба номуси ду нафари онҳо, инчунин роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва убури ғайриқонунии марз низ даст доштааст.

Қозии парванда Юсуфҷон Салимов мегӯяд: «4 октябри соли 2004 аз нуқтаи ғайрирасмии дидбонгоҳи воқеъ дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият Шералӣ Эргашев ғайриқонунӣ марзи давлатии Тоҷикистонро убур кард. Давоми як моҳ дар шаҳри Турсунзода ва то рӯзи боздошташ дар шаҳри Душанбе бе иҷозатномаи зарурӣ такроран даст ба содир кардани ҷиноёти махсусан вазнин задаст».

Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, Шералӣ Эргашев қабл аз убури марзи Тоҷикистон, аз як зиндони воқеъ дар ҷануби Узбакистон фирор кардааст. Додгоҳи устони Қашқадарёи Узбакистон соли 2001 ӯро барои қатли духтари модарандараш ба қатл маҳкум карда буд, аммо бо афви эълонкардаи раиси ҷумҳури Узбакистон вай 6 сол қабл аз адои муҳлати ҷазо озод мешавад ва ба Тоҷикистон омадааст.

Мавҷуда Сафарова, аз мудирони як нонвоӣ дар Душанбе, ки тайи якуним сол Эргашев дар он кор кардааст, мегӯяд, ин шахс бидуни шиноснома ва ягон санади муайянкунандаи шахсият будааст: «Санҷидем корашро, нони хуб пухт. Ҳуҷҷат надошт. Ду сол ҳамин тавр гузашт. Аммо мо намедонистем, ки ӯ аз Узбакистон аст - мегуфт, ки сокини Турсунзода аст. Молу колои дуздидаашро мо намедидем, ба ҷуз як дастгоҳи аккосӣ ва як магнитофон. Баъдан мо фаҳмидем, ки Алӣ духтарчаи ҳамсояро куштааст...»

Мақомоти тафтишотӣ дар манзили Мавҷуда Сафарова молу ашёи рабудашудаи Эргашевро пайдо кардаанд. Гузашта аз ин, ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, дар ду соли ахир ноболиғон Мадина Орифова, Сабина Тӯраева, Мавзуна Салимова ва Манижа Остонаева, ки аз 11 то 18 сол доштанд, бо дасти Шералӣ Эргашев кушта шудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ ба ду нафари онҳо дасти таҷовуз дароз кардааст.

Латофат Раҳимова, модаркалони Манижа, духтарчаи 11-солаи кушташуда мегӯяд, бар замми қатли наберааш, нафари муттаҳам ҳамзамон 4500 доллари амрикоӣ ва ҷавоҳиротро аз манзили ӯ бо худ бурдааст: «Ман намефаҳмам, чаро сарҳадбонони мо дидаву дониста, ки ӯ ягон ҳуҷҷат надорад, иҷоза додаанд, то ӯ вориди Тоҷикистон шавад. Ин чи сарҳадбонӣ аст? Агар ба замини наздиҳавлигӣ касе ворид шавад, ҳатман эътироз мекунанд, чаро сокинони Тоҷикистон наметавонанд Узбакистон раванду аммо онҳо беҳуҷҷат марзи моро убур мекунанд. Чаро мақомоти интизомии мо дар зарфи ду сол натавонист ин ҷинояткорро пайдо кунанд, ӯро танҳо баъди чор кӯдакро ба қатл расониданаш ёфтаанд? Милисаҳо куҷо менигаранд?!»

Дар ҳамин ҳол Файзиннисо Акрамова, вакили мудофеъи Эргашев, низ мегӯяд, дар ғайриқонунӣ убур кардани марзи Тоҷикистон аз сӯи нафари таҳти ҳимояташ, қабл аз ҳама масъулини ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистонро бояд муттаҳам кард: «Дар убури марз на нафари зерҳимояи ман, балки худи масъулини дидбонгоҳҳо гунаҳкоранд, чун бе ягон ҳуҷҷат Эргашевро иҷоза додаанд, ки вориди Тоҷикистон шавад, чаро онҳо аз убури ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ накарданд?»

Дар ҳамин ҳол, мақомоти додситонӣ аз ниҳодҳои интизомии Узбакистон хостори ирсоли парвандаи марбут ба фирори Эргашев аз маҳбаси ин кишвар шудаанд, аммо то ҳанӯз аз мақомоти Узбакистон дар ин робита посухе дарёфт накардаанд.

Гуфта мешавад, зимни тафтишоти пешакӣ ва дар рӯзи аввали мурофиа дар Додгоҳи олии Тоҷикистон Шералӣ Эргашев гуноҳҳои худро иқрор кардааст. Дар сурати дар додгоҳ исбот шудани гуноҳҳояш бар тибқи қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба «меҳмон»-и узбакистонӣ ҷазои аз 30 соли маҳрумият аз озодӣ то ҳабси абадро пешбинӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG