Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон узви СҲШ мешавад?


Фардо раҳбарони шаш кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бешкек ҷамъ мешаванд.


Дар нишасти солонаи раҳбарони ин созмон президентҳои Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва ҳамчунин мансабдорони баландпояи Ҳиндустон, Покистон ва ёвари дабири кулли СММ ҳузур хоҳанд дошт.


Пешбинӣ мешавад, ки барои авалин бор дар нишасти СҲШ президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳайси меҳмон ширкат хоҳад кард.


Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар пойтахти Қирғизистон аст ва бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао ва президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев мулоқот кардааст.
XS
SM
MD
LG