Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ба видеои қатли як тоҷик ва як доғистонӣ


Давлат Назриев, намояндаи вазорат гуфт, инчунин амалҳои қатли ваҳшиёна дар муқобили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиёд сурат гирифтааст ва сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳама имконот истифода мебарад, то аз чунин ҳаводис ҷилавгирӣ кунад ва афроди ин содиркардаи ин ҷиноёт муҷозот шаванд.

Дар ҳамин ҳол, навори нашршуда дар доираҳои сиёсӣ ва ҷомеъаи Тоҷикистон вокуниши шадид ба бор овардааст. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар сомонаҳои интернетӣ пахш кардани ин навори қатлро шадидан маҳкум карданд ва аз мақомоти расмии Русия хостори расидагии ҷиддӣ ба ин қазия шуданд.

Давлаталӣ Давлатов, муовини раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мегӯяд, ин манзараи ваҳшатзоро тамошо кардааст ва меафзояд мутаассиф аст, ки чунин амали асримиёнагӣ дар Русияи муосир анҷом шудааст. Вай афзуд, агар давлати Русия ба инчунин аъмол мубориза накунад ва ё дар мубориза оҷизӣ кунад, ҷинояткорон оқибат ба пояи давлатдории Русия таҳдид хоҳанд кард.

«Вале, - таъкид мекунад ӯ, - пахши инчунин амалҳои ғайрибашарӣ дар муносиботи миёни Тоҷикистону Русия набояд халал ворид кунад, зеро, аз як нуктаи назар, чунин ба назар мерасад, ки ин навор маҳз ба хотири сард кардани муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои мусалмонӣ нигаронда шудааст".

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ки афзоиши хушунат дар муқобили тоҷикон ва ғайрирусҳо дар Русияро ҳизбашон шадидан маҳкум мекунад, зеро нашри ингуна наворҳои ваҳшатзо натиҷаи камтаваҷуҳии мақомоти расмии Русия дар муқобили ин қабил ҷиноёт аст.

Ва Масъуд Собиров, раиси расмии ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд ҳизби демократи Тоҷиикистон дар муқобили инчунин ҷиноёт шадидан эътироз дорад, зеро ин заминаи хушунат ва бадбинии ҷавонони тоҷик ва дигар миллатҳо дар муқобили русҳо хоҳад шуд.

Нашри саҳнаи куштори ду ҷавон дар интернет аз сӯи неофашистони рус, ки гуфта мешавад яке тоҷик аст, дар ҷомеъаи Тоҷикистон низ вокуниши ҷиддиро ба бор овардааст ва сахт маҳкум мешавад. Аммо ҳамзамон афроде, ки ин наворро дидаанд, зери таъсири яъсу нобоварӣ қарор гирифтаанд. Онҳо мегӯянд, дигар мутмаин нестанд, ки вокуниши мақомоти Тоҷикистон аз сӯи давлати Русия ҷиддӣ пазируфта шавад ва ҷинояткорон дар муқобили ин амал подоши сазовори худро дарёбанд. Иддае аз ҷавонони тоҷик бар ин назаранд, ки хушунат дар муқобили ғайрирусҳо дар Русия хотима ва ё ҳадди ақалл коҳиш нахоҳад ёфт ва аз ин рӯ орзуи сафари Русияро ба ҳеч ваҷҳ нахоҳанд кард .
XS
SM
MD
LG