Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси пиромуни видеои одамкушӣ дар Русия


Ин шахс гуфтааст, навори видеоиро аз каси дигар ба воситаи почтаи электронӣ гирифта, хостааст, онро ба бинандагони бештаре тақдим дорад. Полис аз манзили ӯ адабиёти нажодпарастони рус ва компютерро мусодира кардааст. Пас аз бозпурсӣ полис аз ӯро раҳо кард, фақат огоҳ намуд, ки шаҳрро тарк накунад.

Аммо Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, як донишҷӯи 24-солаи донишгоҳи Майкопро боздошт кардааст, ки мегӯяд, ин наворро дар як сомонаи камбинанда ёфт, хостааст, онро дар сафҳаи маъруфе пахш кунад.

Ҳарду хабар аз мақомоти интизомии Русия нашр шудаанд ва имкони тафтиши онҳо мавҷуд нест. Вале пеш аз ин хабарҳо, сомонаи Кавказ Тсентр изҳороти Ҳизби натсионал-сотсиалисти Русияро нашр кард, ки дар он раҳбарияти ҳизб масъулияти қатли шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доғистонро бар дӯш гирифта, гуфтааст, бар зидди ҳамаи муҳоҷирони сиёҳ ва мансабдорони давлати Русия, ки онҳоро пуштибонӣ мекунанд, ҷанг эълон кардааст. Ин созмон гуфтааст, ҳамаи ақвоми ғайрирус бояд аз Русия ронда шаванд ва ба ҳамаи ҷумҳуриҳои Қафқоз истиқлолият дода шавад. Ҳизб худро ҷиноҳи низомии Ҷамъияти натсионал-сотсиалисти Русия номидааст. Ҷамъияти мазкур раҳбари худ Дмитрий Румянтсевро ба мақоми президенти Русия пешбарӣ карданист. Биноан бархе аз коршиносон гуфтаанд, ки ҳадаф аз пахши навори видеоӣ таҳияи заминаҳои як ҳамла ба миллатгароёни рус дар ростои интихобот аст. Лекин мақомоти додситонӣ ва полиси Русия бештар ба он майл нишон медиҳанд, ки наворро дуруӯғин ва саҳнасозӣ эълон кунанд. Онҳо мегӯянд, навор дар чанд ҷо васлҳои номураттаб дорад ва ҳанӯз далеле барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ мавҷуд нест. Ин ақидаро мудири барномаҳои телевизиони ВеТсе Сергей Багиров низ баён дошта, мегӯяд, муаллифон талош кардаанд, истифодаи фанновариҳои компютериро пинҳон кунанд. Таҳлилгарони дигар, ба монанди Александр Верховский, бар инанд, ки навор бештар ҳаққонӣ намудор мешавад, то сохта.

Ёдовар мешавем, дар навор ду навҷавоне зери дарахт ба даступои баста намудор мешаванд, ки мегӯянд, онҳоро натсионал-сотсиалистони Русия асир гирифтаанд. Сипас марде бо як корди дарози аррадам тайи 90 сония гулӯи яке аз боздоштшудагонро мебурад ва ҳатто садои дар сутунмӯҳраи ӯ харош хӯрдани корд, фиғонҳои дарунакии қурбонӣ ва қулқули шоридани хуни ӯ ба гӯш мерасад. Қотил сари буридаро аввал дар сари синаи қурбонӣ ва сипас вақте сар меғeлад, онро дар паҳлуи ҷасад мегузорад. Бандии дуввум бо зарби тири туфангча аз пушти сараш аз ҳаракат мемонад ва ба хандақ фурӯ меафтад.

Сипас, дар канори парчами фошистӣ ду нафари ниқобпӯш бо нидои "Шараф ба Рус!" даст боло мекунанд.
Дар ҳоле ки навор ба андешаи муаллифонаш бояд нирӯ ва бузургии нажодпарастони русро нишон диҳад, баракс нафрати бепоён ва ғазаби бинандаи солимро меорад.
XS
SM
MD
LG