Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ: ҳамлаҳои маргталабона ба рустоҳои язидӣ


Қурбонии аз ҳама бештар дар деҳаи Қаҳтония мушоҳида шудааст. Дар ин русто чанд мошини ҳомили маводди мунфаҷира дар байни издиҳоми дар истгоҳи автобус ҷамъшуда таркидааст. Эҳтимол меравад, ки аҷсоди қурбониён ҳанӯз зери овори сохтмонҳои тахрибшуда боқӣ монда бошад. Ба ин далел гуфта мешавад, ки шумораи кушташудаҳо метавонад боз ҳам биафзояд.

Ба амалиёти наҷот дар маҳалли ҳодисот чархболҳои низомии Амрико низ ҷалб шудаанд, ки маҷрӯҳонро ба бемористонҳои шаҳрҳои бузургтарини минтақа интиқол медиҳанд.

Ҳамлаҳои рӯзи сешанбе яке аз пурқурбонитарин ҳамалот дар Ироқ тайи 4 соли ҷанг дар ин кишвар ном бурда мешавад.

Фариз Умар, хабарнигори радиои «Ироқи озод» мегӯяд, язидиҳо дар гузашта низ ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои ҷангӣ қарор доштаанд, вале чунин ҳамлаи бузург ва пурқурбонӣ алайҳи пайравони ин мазҳаби қадимии тоисломӣ бори аввал мушоҳида мешавад. Фариз Умар мегӯяд, баъди дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи язидҳо сангсор шурдани як язидидухтаре, ки бо дӯстдоштаи мусалмонаш ақди никоҳ баставу Исломро қабул кардааст, таҳдидҳо алайҳи ин ақаллияти курдзабон афзоиш ёфт.

«Ӯро дар мазҳари ом тариқи сангсор куштанд, ҳикоят мекунад Фариз Умар. - Сипас гурӯҳҳои террористӣ ва гурӯҳҳои дигари мусаллаҳ ба ин далел, ки ин ҷамъият Иблисро мепарастад ва кофир аст, ин ҳодисаро баҳонаи афзоши ҳамлаҳои худ болои ҷамъияти язидиҳо қарор доданд».

Мазҳаби бостонии язидӣ як мазҳаби омехта аз динҳои ислому масеҳият ва зардуштияву яҳудия аст.

Мусалмонон язидиҳоро аҳли дин намешуморанд. Ба парастиши Иблис муттаҳам шудани язидиҳо ба ин далел асос ёфтааст, ки язидиҳо ба Иблис ҳамчун ба як фариштаи баргашта аз роҳи Ҳаққ ва ба Иблис табдилшуда нигоҳ мекунанд.

Ҳанӯз масъулияти ҳамлаҳои маргталабона ба рустоҳои язидӣ дар шимоли ғарбии Ироқро кадом гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст. Вале ангушти иттиҳом ин дафъа ҳам ба сӯи шабакаи ал-Қоъида ва гурӯҳҳои марбут ба ин шабака баланд шудааст.

Хабаргузории «Ассошиэйтед пресс» менависад, бахши ироқии ал-Қоъида дар ҳафтаи гузашта дар ин минтақа шабномаҳоеро паҳн карда буд, ки дар он язидиҳоро душмани Ислом номида, аз зуд будани ҳамла ба онон ҳушдор медод.

Фариз Умар меафзояд, тайи моҳҳои ахир амалиёти густардаи нерӯҳои амрикоӣ дар атрофи Бағдод гурӯҳҳои ҷангиро маҷбур ба тарки пойтахти Ироқ кардааст: «Ин амалиёти анҷомдодаи нерӯҳои байнулмилалӣ гурӯҳҳои террористӣ ва дигар гурӯҳҳои чирикиро маҷбур ба тарки минтақаҳое кард, ки ин амалиёт фарояшон мегирифт. Ва ҳоло, тавре ба назар мерасад, онҳо ба дунболи ҳадафҳои осонтаре шудаанд. Ва ҷамъияти язидиҳо, ки дар манотиқи нисбатан бастаи вилояти Нинево ба сар мебаранд, метавонист барои онҳо чунин як туъмаи осон бошад».

Вошингтон ҳамлаҳои пурқурбонии рӯзи сешанберо «ваҳшиёна» номида, онҳоро маҳкум кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Дана Перино итминони хотир додааст, ки Амрико ба нерӯҳои Ироқ ҷиҳати фурӯ нишондани терроризм дар ин кишвари ҷангзада ҳамчунон ҳамдастӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG