Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба рустоҳои язидӣ дар Ироқ


ms

Бино бар иттилоъи мақомоти Ироқ , бар асари ҳамлаҳои интиҳории рӯзи сешанбе дасти кам 200 нафар кушта ва беш аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳадафи ин ҳамлаҳо, ба этҳимоли ғолиб, пайравони равияи хурди мазҳабии мавсум ба язидиҳо будаанд, дар наздикии марзи Сурия дар шимоли ғарбии Ироқ ба сар мебаранд.


Ҳамлаҳои рӯзи сешанбе аз пурқурбонитарин ҳамлаҳои маргталабона дар Ироқ дар зарфи 4 соли гузашта дар ин кишвар дониста мешавад.


Ҳанӯз масъулияти ҳамлаҳои маргталабона ба рустоҳои язидӣ дар шимолу ғарби Ироқро кадом гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. Вале ангушти иттиҳом ин бор ҳам ба сӯи шабакаи Ал-Қоида ва гурӯҳҳои марбут ба ин шабака баланд шудааст.
XS
SM
MD
LG