Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъомади президентҳо дар Бишкек


мф

15 август аввалин шуда раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд. Ҳавопаймоҳои ҳомили президенти Узбекистон Ислом Каримов, президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ва президенти Муғулистон Нанбарин Энхбауор дунболи ҳамдигар дар майдони ҳавоии Манаси Бишкек фуруд омаданд. Вазири нафту гaзи Ҳиндустон ва намояндаи Покистон низ дар нишаст ширкат хоҳанд кард.





Худи ҳамин рӯз ҷаноби Раҳмон бо Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин дидору мулоқот анҷом дод. Гуфта мешавад, ки раҳбарони ду давлат густариши пайвандҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Чин дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву башариро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аммо ин мулоқот бидуни имзои ягон созишнома ба поён расид. Шоми рузи чоршанбе Раҳмон бо президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев низ мулоқот кард.



Маркази матбуоти СҲШ мегӯяд, ки пазироии меҳмонони олирутба дар Бишкек идома дорад. Қарор аст, шоми имрӯз президенти Русия Владимир Путин ва Линн Паско, ноиби Дабири кули СММ вориди Бишкек шаванд.
Мирасрори Фарғонӣ, шаҳри Бишкек
XS
SM
MD
LG