Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2007


Ин мусобиқот бо ширкати 65 шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи кишвар дар шаҳри Душанбе тӯли 9 рӯз идома кард.

Надежда Антоноваи душанбегӣ дар сабқати занон бо 9 имтиёз аз 10 бозӣ нахустин бор ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт. Қаҳрамони соли гузаштаи кишвар Елена Нуриддинова аз шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бо 8 имтиёз дар ҷои дувум қарор гирифт ва ин дафъа бо медали нуқра сарфароз гашт. Марворид Насриддиноваи 15-сола аз Душанбе бо 7 имтиёз соҳиби ҷои севум ва медали биринҷӣ гардид.

Дар сабқати мардон устоди дараҷаи байнулмилалӣ Ҷамшед Исоев аз шаҳри Душанбе бо 7, 5 имтиёз аз 9 дидор ҷои аввалро касб кард ва барои чаҳорумин бор аст, ки ба унвони қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон мушарраф мушавад. Ҳамшаҳрии вай устоди варзиш Рашид Ҳусейнов бо 7 имтиёз мақоми дувумро касб карда, медали нуқра ба даст овард. Шатранҷбози ҷавону умедбахши душанбегӣ Соиб Ҷӯраев бо 6, 5 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифта, соҳиби медали биринҷӣ гардид.


Омодагӣ ба Олимпиадаи Пекин

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар як ҷаласаи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, макони баргузории Бозиҳои олимпии соли 2008, ширкат кард.

Вай ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати Жак Рогге, раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, доир гардид, омодагии мизбонон ва, ҳамчунин, дастаҳои мунтахаби олимпии кишварҳои ҷаҳон ба Олимпиадаи Пекин баррасӣ шуд. Мо аз сохтмони маркази варзишии олимпии Пекин дидан кардем, ки он дар арафаи анҷомёбист».

Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, то имрӯз танҳо як варзишгари Тоҷикистон - Дилшод Назаров - дар навъи гурзандозӣ соҳиби роҳхат ба Олимпиада гаштааст. Варзишгарони кишвар дар риштаҳои бокс, гуштии дзюдо, тирандозӣ ва камонварӣ барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG