Пайвандҳои дастрасӣ

Навори одамкушӣ аз нигоҳи журналисти доғистонӣ


Тибқи охирин хабарҳо, мақомоти Русия ба яке аз шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилии ин кишвар супурдаанд, ки қазияро таҳқиқ кунад. Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки чунин наворҳои видеоии созмонҳои нажодпарасти Русия дар интернет пайдо мешаванд, аммо то ҳанӯз мо шоҳиди ин набудаем, ки онҳо тафтишу таҳқиқ шдуа бошанд. Гузашта аз ин моҳи июни соли равон Додгоҳи вилояти Маскав навори видеоии қатли шаҳрванди арманиасли Русия, Артур Сардариянро далели шаъйӣ ҳисоб накард. Дар наворе ки яке аз ҳамлаварон аккосӣ карда буд, қатли ин ҷавони 19-сола дар қатори роҳи оҳан бо нидоҳои "Шаъну шараф ба Русия!" муфассалан забт шудааст. Аммо додгоҳ ду айбдоршавандаро, ки мегӯянд, мардуми сиёҳсарро чашми дидан надоранд, бегуноҳ баровард ва ҳатто баёноти шоҳидони ҳодисаро нокофӣ шумурд. Вале баргардем ба навори тоҷику доғистонӣ. Аз журналисти доғистонӣ, корманди бахши Қафқози шимолии Радиои Озодӣ, Муртазоалӣ Дугричилов пурсидем, оё вокуниши мақомоти давлати Доғистон ва мардуми он ба ҳодиса чист?

"Вокуниш чун ҳамеша хеле манфист. Ҳамзамон, ончи аз суннат ва фарҳнги мардумони мо бармеояд, ин аст, ки набояд ба думболи ин шиъорҳои миллатгароёна андохт, ки бояд русҳоро саркӯб кард ва ронда ва ғайра. Яъне аз тарафи мардум вокуниш оқилона аст, бо вуҷуди он ки ҳама дар ниҳояти хашму ғазабанд. Дар гузоришҳои шумо ман ин хел ҳис кардам, гуфта мешуд, ки гӯё тоҷикон хуб мардуми кишвари дигаранд, хориҷиянд, аммо доғистониҳо, ки шаҳрванди Русия мебошанд, чаро кушта мешаванд, чаро ин қадар нафрат? Дар ин бора як дафъа сафири русия дар Тоҷикистон, Рамазон Абдулатипов бо муроҷиат ба нажодпарастони рус як сухани нишонрас гуфта буд, ки агар шумо, русҳо сад сол пеш ба мулки мо намеомадед, мо ҳам ҳоло ба мулки шумо намерафтем. Яъне ҷавоби империалистон бояд ҳамин гуна империалистӣ бошад."

Дар бораи ҳаққонӣ ё қаблакӣ будани навори видеоӣ низ сӯҳбатҳо зиёданд, аммо оё ба сурати умум чунин ҳодисаҳо дар Русия имконпазиранд?

"Дар ин бора бубинед, ман ин ҷо чандин сафҳа хронология дорам, ки ҳар рӯз нав мешавад. Мана, масалан, 11-уми июл як сокини Доғистон бо чандин захми корд ба бемористони Маскав интиқол дода шуд. 29-уми июн ҳамла ба шаҳрванди Исроил. Ҳамон рӯз -- қатли як шаҳрванди Қирғи зистон. 23-уми июн латукӯби журналисти урдунӣ, қатли доғистонӣ, арманӣ ва ғайра. Инҳо дигар фактанд. Ва воқеъае ки нашр шуд, дар ин пасманзар ғайриодӣ намудор намешавад. Балки як воқеъияти ғамангези Русияи муосир мебошад."

Оё дар ин ҳодисаҳо як сари мӯ ҳам бошад, гуноҳи мақомоти давлати Русия низ ҳаст ё ин ҳама худсарии наврасон аст?

"Бешубҳа ҳаст. Чаро, агар чунин ҳодисаҳо, бо чунин чандомад дар ягон кишвари демократӣ ба амал оянд, ё дар кишваре ки шарафи инсонӣ як маъние дорад, ҳатман тамоми ҷомеа аз он ба шӯр меояд. Дар ин ҷо мо на танҳо хашми ҳукуматро намебинем, балки эътирози ҷомеа низ аслан дида намешавад ва ин бештар ғамангез аст."
XS
SM
MD
LG